Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ба ҳама маълум аст, ки дар таркиби ҷисми инсон 4 модда (хилт) ҳаст: савдо, сафро, балғам, хун.
Сусткунандаи шаҳват моддаи балғам асту савдо. Балғаму савдо дар таркиби ҷисми одам аз меъёр ки зиёд шуд, шаҳвати одамро суст карда, ба торҳои асаб таъсири манфӣ мерасонад. Дар тибби қадим, махсусан тибби Мавлавӣ 40 роҳи табобати сустшавии шаҳват оварда шудааст. Барои нест кардани балғам, барои ором кардани асаб, кам кардани сафрою хуни савдо ба гиёҳҳо муроҷиат кардан лозим аст. Хокаҳои омехтае ҳаст, ки онро аз ҷамод, ҷисмҳои беҷон ва наботӣ – рустаниҳо тайёр карда, аз он истифода бурдан лозим аст.

  • Худи шумо барои табобати бешаҳватӣ аз чӣ истифода мебаред?
  • Ман гиёҳҳои кўҳӣ, бештар аз бехи тиллоӣ (золотой корень), аз қаламфули ҳиндӣ, ҷамилаку кокутӣ, аз донаи харбузаву асали тоза, маскаи говӣ ё мешӣ дору тайёр мекунам, ки истеъмоли он аз таркиби хун сафрою савдо ва балғами беморро нест мекунад. Боз бештар аз санои маккӣ истифода мебарам. Дар бораи шифобахшии санои маккӣ ҳатто дар ҳадиси Пайғамбар (с) омадааст. Аз санои маккӣ доруе метавон тайёр кард, ки бо истеъмоли он мард хаста намегардад ва нерую қувваи шаҳвонияш меафзояд.
  • Худи шумо аз ин дору истифода бурдед?
  • Бале, бемороне буданд, ки бо ҳамсаронашон ҳамхобагӣ карда наметавонистанд, аз таркибҳои бобои думулло дору тайёр карда додам, ки хеле хушнуд гаштанд.
  • Санои маккӣ чист?
  • Санои маккӣ гиёҳест, ки дар Макка ва дигар шаҳрҳои Арабистон мерўяд. Беҳтаринаш ҳамонест, ки дар кўҳистони атрофи Макка мерўяд. Гулаш ба монанди гули зард ва барги бед барин майдаяк аст. Бузу гўсфандоне, ки дар кўҳ аз санои маккӣ истеъмол мекунанд, соле ду маротиба тул медиҳанд. Мардони араб аз мардони дигар ҷойҳо фарқ мекунанд, барои он ки онҳо гўшти молҳои санои маккӣ хўрдаро истеъмол мекунанд.
пешина
аз 191
навбатӣ