Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз ин рў гаштаӣ маҳбуби ёрон,
Намоӣ, раҳнамоӣ дар Сафина.
Давоми умри ту хоҳам бародар,
Пур аз файзу пур аз шодиву нусрат.
Зи меҳри дил бубахшам ин суханро,
Ба ту, эй Лутфуллоҷон ибни Давлат.

Ба бародар ва дўстам Давлати Раҳмониён

Эй бародар, Давлати Раҳмониён,
Ошёни меҳри ту дар дидаам.
Ҳар куҷое, ки агар ёди ту шуд,
Ман дар он маҳфил зи ту болидаам.
Ҳамчу ту тарғиб кай созад касе,
Панду андарзи адибони кўҳан.
Дидаам аз «Сайди маънӣ»-ят басе,
Дар ҳақиқат додаӣ доди сухан.
Давлати шеъру суханро сарварӣ,
Аз ту розӣ рўҳи Мавлоно шуда.
Маҳфили ту ҳамчу як маъвогаҳе,
Ҳофизу Бедил дар ин маъво шуда.
Аз Худо дорам талаб, эй додарам,
Аз бароят умри пурфайзу нишот.
Ҷодае, ки интихобаш кардаӣ,
Иншоаллоҳ, мерасонӣ бар субот.
ДАР МЕҲМОНИИ МАТБУОТ

Муҳаммадрасули Иброҳимзода:
БЕШАҲВАТИЮ БЕЗУРЁТӢ ТАБОБАТШАВАНДААНД
(Ҳафтаномаи «Оила» №35 (551) 2010. саҳ.11)

Муҳаммадрасул – набераи олими тавоно ва табиби машҳур, Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳи Сурхиёнӣ, буда, мероси гаронбаҳои бобояшро дар китобҳои «Офтоби паси абрҳо», «Панди Авлиё», «Гулчин аз тибби Мавлавӣ», «Моҷарои ишқи духтари курд» ва «Аз Ромит то ба Бухорою Дарвоз» пешкаши хонандагон гардонидааст. Дар баробари корманди давлатӣ буданаш, ў касби бобоияшро давом дода меояд. То имрўз бисёр касон аз дасти Муҳаммадрасул шифо ёфтаанд. Имрўз Муҳаммадрасул меҳмони ҳафтаномаи «Оила» аст ва мо сўҳбате дорем атрофи давои дардҳое, ки ба доғи рўз мубаддал гаштаанд.

  • Муҳаммадрасул! Солҳои охир, бешаҳватӣ миёни мардҳои синнашон аз 40 сола боло хеле авҷ гирифтааст.
    Дар ин бора мо аз мухлисон бисёр шикоят мегирем.
    Мегўянд, ки бо ҳамин сабаб ҷудошавии оилаҳо афзудааст.
    Мехостем донем, ки дар тибби мардумӣ оиди давои бешаҳватӣ чӣ гуна роҳҳо пешбинӣ шудааст.
  • Сабаби бешаҳватиро мо дар инҳо мебинем:
  1. Дар иқлими сайёра; 2. Дар хурду хўроки имрўза; 3. Дар шароити зист.
пешина
аз 191
навбатӣ