ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ба устод Мирзо Файзалӣ
Нест осон шоири халқӣ будан,
Бо ғами халқу Ватан як ҷо шудан.
Нест осон гуфтани шеъри баланд,
То ба табъи мардумон ояд писанд.
Кай тавонад ҳар касе гўяд ғазал?
Гар набошад ин ба тақдири азал.
Дар ҷаҳони шоирӣ дил бохтан,
Парчами ишқу вафо афрохтан.
Ин ҳама зебандаи Мирзо бувад,
Шеъри ўро як ҷаҳон маъно бувад.
Гарчӣ шоир нест ин Маҳмадрасул,
Байтаке бинвишт, шавад шояд қабул.
Чункӣ дар он меҳри дил омехтем,
Аз муҳаббат рўйи саҳфа рехтем.
Ба бародар ва дўстам Лутфулло Давлатзода
Ба сурат Юсуфи зебои сонӣ,
Ба сират як ҷавони меҳрубонӣ.
Шукўҳи килки садҳо Монии ту,
Ба майдони ҳунар ҳам паҳлавонӣ.
Ба сад орзу аз мулки Кангурт,
Равона гаштӣ ту сўйи Душанбе.
Дили ту аз фараҳ лабрез гардид,
Чу дидӣ рўйи хушрўйи Душанбе.
Ба рафтори накўву дилрабоӣ,
Дар ин шаҳри дилоро ҷо гирифтӣ.
Зи роҳи лутфи Аллоҳ Лутфуллоӣ,
Ба қалби мардумон маъво гирифтӣ.
Ҳамеша ту лаби пурханда дорӣ,
Набошад дар дили софи ту кина.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё