ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Пас аз гузоридани намози зўҳр ба зиёрати турбати ҳазрат мушарраф гардиданд. Аз қуллаи ин кўҳи сарсабзи осмонбўс ба чор тараф назар карданд. Аз тарафи машриқ водии Рашт бо кўҳҳои сарсабзаш намудор буд. Аз самти мағриб шаҳри зебои Туғдона, Ваҳдати ҳозира гўё дар кафи даст истодааст. Дар ҷануб Файзободи файзбахш бо мазори Хоҷаи Ҳотам ва дар самти шимол кўҳу дараҳои биҳиштмонанди Ромити бостон намудор аст.
Муҳоҷирон ба самти Ромит ҳаракат карданд. Алӣ, ки нисбати Ҳомиду Ҳамид калонсолтар буд, ба атроф бодиққат назар карда гуфт:
– Ёфтам, мавзеи биҳиштмонанди дар хоб гуфтаи бародарам Ҳамза ҳамин ҷой аст!
Ў ҳамвории сабзу хуррамеро дар миёни се кўҳи ҷангалпўш бо ҳаяҷон нишон дод. Дар ҳақиқат гулу гиёҳ, буттаю дарахтони мевадиҳанда, ҳафт чашмаи қатори ях барин хунук, нағмаи паррандагони хушхонаш ин маконро ба биҳишти воқеӣ монанд карда буд.
Муҳоҷирон дар ин макон қарор гирифтанд. Онҳо худро гўё дар биҳиште, ки тилисм шудааст ва ба чашми одамон наменамояд, тасавур мекарданд. Дар давраи тобистон хона, ошхона ва оғилхона сохта, барои чорвоёнашон алафу хошок захира карданд. Бо азобҳои сангине зимистонро баҳор карданд. Баҳори биҳиштӣ, арўси сол бо ҳазорон ҳусну таровати дилтасхиркунандааш боз омад.
ДАРАИ ГОВКУШТАГӢ
Аввали баҳор айёми киштукор сар шуд. Алию Ҳомиду Ҳамидро ғам гирифт. Бо як барзагов чӣ тавр заминро шудгор кардан мумкин аст? Алии доно фикр карда гуфт:
– Агар хоҳед, ки аз гуруснагию марг наҷот ёбем, як кор мекунем. Ин кор хилофи гуфтаҳои шариат ҳам бошад, «дар зарурат раво бувад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё