Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз деҳаи ҳамсоя, ки Лошхарф ном дорад, як говро оварда, то ба охир расидани кишт, кор мефармоем. Ҳамин, ки айёми кишт ба охир расид, бурда, ба соҳибонаш бо музди кори гов медиҳем. Албатта онҳо ҳам мусулмонанд, моро намекушанд. Агар аз онҳо барзаговеро бо гарав амонат бигирем, ҳаргиз не намегўянд.
Ҳамин тавр ҳам карданд. Онҳо як барзагови сиёҳи якрангро аз чарогоҳи деҳаи Лошхарф оварда, дар миёнаш карбоси сафед баста, бо барзагови зарди худашон ба шудгор кардан шурўъ карданд. Ин деҳаро мувофиқи васияти Ҳамза деҳи Ҳамза ном ниҳоданд, ки баъдтар номи Дараи Ҳамзаро гирифт.
Соҳиби барзагов дар ҷустуҷўйи моли гумшуда афтод.
Деҳаи Дараи Ҳамза дар доманакўҳ, дар пастии ҳамвор ҷойгир шудааст. Соҳиби барзагов ҳар вақте, ки аз дур ба тарафи деҳаи Дараи Ҳамза назар мекард, медид, ки шахсе бо як барзагови зарду як барзагови ало шудгор карда истодааст. Барзагови онҳо сиёҳи якранг буд, пас ноумед шуда бармегашт.
Бо ҳамин кор тобистон ба охир расиду тирамоҳ сар шуд. Киштукор анҷом ёфт. Онҳо музди кори барзаговро
20 пуд, яъне 320 киллограмм гандум муайян карданд ва чӣ хел ба соҳибаш баргардонидани барзаговро фикр мекарданд. Аз қазо шабе барзагов касал шуд ва ба сари корд базўр расид. Барзаговро куштанд, гўшташро тақсим карданд. Дар урфият мегўянд: «Дуздию ғарӣ – пушти саргини хар», яъне касе ин ду амали зиштро пинҳон карда наметавонад. Шушҳои барзагов каме мариз будааст, аз ҳамин сабаб хўрдани шушро раво надонистанд.
Калонсолон аз ин ноомади кор чи кор карданашонро надониста, ба кўдакон фармон доданд, ки шушҳои барзаговро бурда пинҳон кунанд. Кўдакони нодон шушҳоро оварда, дар ҳавзи калони миёни ду дара, ки дар маркази деҳа ҷойгир шуда буд, ҳаво доданд.
Наздикиҳои нисфирўзӣ соҳиби гов пайдо шуд:

пешина
аз 191
навбатӣ