Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар он ҷой як манзараи зебои шабеҳи ҷаннат аст. Он ҷойро обод кунанду ба исми мани бандаи ормонию ҳасратӣ номгузорӣ кунанд».
Садои пирамарди нуронии деҳаи Чалчал мусофирони хастаро аз хоби ширини субҳгоҳӣ бедор кард. Мулло Ҳайдар баъди адои намози бомдодӣ хоби дидаашро аз аввал то ба охир нақл карда дод. Муҳоҷирон молу амвол ва чорвоёнашонро тақсим карданд. Онҳо фақат ду барзагови ҷуфтӣ доштанд. Агар онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекарданд, шудгор карда намешуд. Ба ҳар ҳол тақсимот аз рўйи шариату адолат сурат гирифт. Барзагови сиёҳро Мулло Ҳайдар гирифту барзагови зардро ба Ҳомиду Ҳамиду Алӣ доданд.

ДАР ҲИСОР

Муҳоҷирони иҷборӣ ба Ҳисор харсавору аспсавор ва говсавор омада буданд. Мумкин, мардумони дигар водиҳо намедонистанд, ки барзагов дар баробари шудгор кардан барои борбардорӣ ва саворӣ қуввати ду-се сар хар ва ҳатто ду аспро дорад. Аз ин нақлиёти фоидаовар истифода намебурданд. Аспону барзаговҳои хуталонӣ дар давраи ҳуҷуми арабҳо ва пеш аз он ҳам бо чусту чолокӣ, тездавӣ ва пурқувватӣ ном бароварда буданд.
Мумкин, аз як тараф, қаҳрамонию ватандўстии мардуми ин сарзамин буд, аз тарафи дигар, аспҳои тозию бузӣ ва ҷангии ин минтақа буд, ки кадом душмане ба ин водӣ бо дилу нияти бад ҳуҷум кард, шармандавор мағлуб шуд, ки таърих гувоҳ аст.

МАКОНИ ГУЛУ БУЛБУЛ

Баъд аз як шабонарўз муҳоҷирони кўлобӣ дар кўҳи
Мазори Хоҷаи Хон қарор гирифтанд. Баъд аз каме
таваққуф аз чашмаҳои атрофи ях барин хунуки нуқраранги мазор нўшида, вузў карданд.

пешина
аз 191
навбатӣ