ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дуои бад накунед, ки мартабаатон чандин зина поён мефарояд.
Баъд аз вохўрӣ бо Мавлавӣ соатҳои 2-и шаб ба деҳаи Дараи Ҳамза бармегаштему дар коҳдони аз бурёю пахол ва гилеми пашмӣ густурда мехуфтем. Шайхи нозукро дар болои гилем хоб намебурд. Кайку кана бадани ўро хуншор мекарданд. Баъд аз як соат аз хоб хеста, вузў мекард, дуру дароз ибодат карда, бо як даст бадани хуншорашро мехорид. Маротибае дар болои ҷойнамоз захмҳои дастонашро нишон дода гуфт:
– Муҳаммадраҷаб, ҳамноми бобои ман ҳастӣ. Бобоям ҳафт писарашро хононда ба дараҷаи валигӣ расонида будааст. Ман доимо дар ҳаққи ту дуо мекунам, ки ба муроду мақсад бирасӣ ва ба Ҳазрати Мавлавӣ хешию ҳамхунӣ пайдо кунӣ!
Дар охир шўхиомез гуфт:
– Мавлавӣ дар болои ҳафт қабат кўрпача нишастааст.
Агар ўро дар ҳамин коҳдони бадбўйи намнок, болои гилеми пашмин кайку кана газад, Сталинро дуои бад мекунад.
Падарам борҳо такрор карда мегуфт: – Ҳамон ибодатҳои дар назди ҳафт чашма ба даргоҳи Худованд кардаам ва дуои шайхи бузургвор буд, ки ба домони Мавлавӣ печидам (домодаш шудам), аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ соқу саломат ба ватан баргаштам.
Деҳи Ҳамзаро сарчашмаи булбулон номем, хато намекунем. Чаҳчаҳаи булбулону нағмаи мурғони ғазалхонаш ба кас илҳому рўҳи тоза мебахшад.
Дарахтони гелосу тут, олую себ, чормағзу зардолу, олучаю дўлона, бодому шоҳтути ин деҳа дар водиҳои Файзободу Ваҳдат, Ёвону Ҳисор ном бароварда будааст.
Насими форами кўҳистон аз атроф бўйи хушу гуворои илҳомбахши гиёҳҳову гулҳои хору юған, камолу ҳолмон, кокутию ҷимелак, шибитаку куровшак, эшиму бўйимодарон ва даҳҳо дигар гулу гиёҳҳои шифобахшро оварда, ба кас дармону ҳаловат мебахшад. Аз тамошои ин манзараю таъсири гулу гиёҳ шахси пир ҷавон, фарди ҷавон бонерую хушилҳом мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё