Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Манзараҳои зебои дунёро дар Қафқозу Русия дидаам. Бе таърифу муболиға мегўям, ки манзараи зебои ватанам – Дараи Ҳамза аз онҳо беҳтар аст.

ҲАМЗА КИСТ?

Ҳамза кист ва барои чӣ ин деҳаи биҳиштмаъворо ба исми ў номгузорӣ карданд?
Борҳо ин саволро ба пирамардони деҳаи Дараи Ҳамза
– амаки Саъдулло, Суфӣ Ашўр, Мирзои Саид ва хусусан падарам медодам. Онҳо мегуфтанд:
– Ҳамза бобокалони авлоду аҷдоди мо мебошад.
Оромгоҳи ў дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шўроободи имрўзаи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Бобоёнамон нақл мекарданд, ки Ҳамза ҷавонмарди Рустамбозую Исфандиёртан будааст. Солҳои пешин қавму қабилаҳои кўчии он тарафи дарёи Панҷ аз хоки Афғонистон шабонгоҳ дарёро бо гунсару кема (қаиқи аз пўсти чорпоён сохта) убур карда, аҳолии деҳаҳои ин тарафро қатл, лату кўб, молу амволашонро ғорат карда, ба он тарафи дарё мебурдаанд. Мардумони деҳаҳои атроф аз ҷабру зулми ғоратгарони дарёӣ ба дод омада, чандин маротиба барои арзу дод ба назди мирҳои Кўлобу Балҷувон омадаанд. Аммо онҳо ба доди халқи камбағал намерасиданд. Зеро ки ғоратгарони афғон, ба монанди Мангол-Личаку Бўрӣ-Қатаған аз шоҳони Афғонистону амирони Бухорои Шариф наметарсиданд. Онҳо чанд тан сарбозони мири Кўлобу мири Балҷувонро қатл карда ва беъзеро асир гирифта, ба Афғонистон бурда буданд.
Шабонгоҳ ҳуҷум карда, дар баробари молу амвол, чорпоён зану духтарон ва ҷавононро дуздида, ба он соҳили дарёи Панҷ мебурданд.
Ҳамза ҳафт бародари паҳлавону ду писари далер дошт. Ғоратгарони он тарафи дарёи Панҷ аз ин даҳ нафарон каме тарсу ҳарос доштанд.

пешина
аз 191
навбатӣ