Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шахси инояткарда мартабаи инсони комилро дармеёбад, олиму шоир ва ҳмутаффакир мешавад.
Падарам мегуфт:
– Мани бандаи осии гунаҳкор борҳо аз ин ҳафт чашмаи муқаддас нўшидаам, ғусл намуда, вузў кардаам, ба даргоҳи Худои бениёз ибодат ва муноҷот намудаам.
Худои мушкилкушо муноҷоту дуоҳои маро иҷобат кард.
Иҷобати ин дуоҳо буд, ки мани як инсони омии бесавод ба орзуҳои диниву дунявиям расидаам. Соли 1936 Шайх Абдураҳимхоҷаи Давлати Элокӣ, писархолаи ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳи Сурхиёниро чил шабонарўз дар назди ин чашмаҳо шабҳои маҳтобӣ меҳмондорӣ намудам. Ин шайхи бузургвор аз тарси бадарғаи сталинӣ чун дигар зиёиёни тоҷик, ки номи бойу муллоро доштанд, фирории кўҳу дара буданд. Ман ҷавони 16 сола будам.
Хизмати шайхи гурезаро ба ҷой меовардам. Баъд аз намози шом ҳамроҳи шайх аз оби ин ҳафт чашма нўшида вузў карда, ба деҳаи Сурхиён, ки ним фарсах роҳ буд, назди Мавлавӣ мерафтем. Он ду валии бузург дурудароз сўҳбат мекарданд. Боре дар охири сўҳбат Шайх аз Мавлавӣ хоҳиш карда гуфт:
– Эй Мавло, биё як дуо кунем, ки ҳамин Сталин бимирад!
Мавлавӣ каме ба фикр фурў рафт ва бо ду ангушт пешонаи зебои нуронияшро молид ва арақи сард сару рўяшро пахш кард. Баъд оҳи сўзноке кашида гуфт:
– Не! Не, Шайх! Ин дуо хоси мо, бандагони осӣ, нест.
Ҳатто арвоҳи пиронам Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Мир Ҳасан Абдали Кашмирӣ аз ин хел дуо меранҷанд.
Мувофиқи фармудаи анбиёву авлиё дуо мекунем, ки Худованди Раҳмону Раҳим дар дили Сталин ва дигар тобеъонаш раҳму шафқатро ато фармояд, то зиёиёни миллат, ки чароғи роҳнамои халқанд, дар амон монанд.
Мир Ҳасан Абдали Кашмирӣ ба мо сабақ дода мегуфт, ки дар ҳаққи душмани ҷонию мазҳабиятон дуои хайр кунед.

пешина
аз 191
навбатӣ