ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дар поёни деҳа, аз зери товасанги азими сурхранг ҳафт чашма, чун ҳафт додарон, аз дилу ҷигари кўҳи осмонбўси Мазори Хоҷаи Хон фаввора зада баромада, ба дарёча ҳамроҳ шуда, ғазалхон ба самти дарёи Кофарниҳон равон мешаванд. Бобоёнамон, ин ҳафт чашмаро мувофиқи таъму шифобахшияшон номгузорӣ карда буданд: чашмаи аввалро Чашмаи Шифо ном ниҳодаанд, ки ба бемориҳои меъдаю рўда, гурдаю ҷигар шифо мебахшидааст. Чашмаи дуюмро Чашмаи Сахо, барои он, ки касе аз ин чашмаи софу ширин дар кўза, чўбкаду ва ё машк об гирифта бурда даравгарони ташналабро об диҳад, файзу баракат дар он хонадону дар он хирмани ғалла зиёда мегардад. Чашмаи сеюмро Чашмаи Вафо, барои он мегўянд, ки ошиқон аз он нўшанд ва ғуслу вузў карда, ду ракъат намоз хонанд, иншоаллоҳ, ба муроду мақсади хеш мерасанд ва хушбахт мешаванд. Чашмаи чорумро Ваҳдат меноманд. Агар ёғию қаҳриҳо аз он нўшанд ва ё ғуслу вузў сохта, ибодат кунанд, аз заҳри чашми ҳасуду бахилон, аз шарри шайтону душманон дар амон мемонанд ва дўстию рафоқат дар байнашон мустаҳкам мегардад. Чашмаи панҷумро Адолат, барои он меноманд, ки ҳар шахсе атрофи чашмаҳоро тоза карда, аз оби хунуки он бинўшад ва ҳамди Худои покро ба ҷой орад, кинаву адоват, бухлу ҳасад аз қалбу вуҷудаш фирор мекунанд ва инсони оқилу комили адолатхоҳу покдил мегардад. Чашмаи шашумро Чашмаи Саодат меноманд. Фарде, ки аз ин чашма бо дилу нияти пок истифода барад ва ба гуфтаҳои Пайғамбар (с)-у Қуръони роҳкушо амал намояд, соҳиббахту босаодат мегардад. Охирин чашма, яъне ҳафтумин чашмаро Чашмаи Иноят меноманд, яъне инояти Худованд, инояти Пайғамбар (с) ва инояти Мавло, пири тариқатро меноманд. Касонеро, ки Яздони поку анбиё ва авлиё иноят кард, ба қуллаҳои муроду мақсади хеш мерасанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё