ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Яке бархостем аз хоби ғафлат,
Худо гўӣ намуд бар мо мурувват.
Зи паҳнои бузурги мулки Сомон,
Расида баҳри мо ин Тоҷикистон.
Бубояд ин заминро пос дорем,
Замини нозанинро пос дорем.
Барои душмани дар ҳиллаҳо гум,
Набояд доштан фикри тараҳҳум.
Чу насли мардуми озодагонем,
Зи Кова, ҳам зи Рустам мо нишонем.
Бубояд Тоҷикистонро бинозем,
Диёри Оли Сомонро бисозем.
Ба гирди Сарвари худ ҷамъ гардем,
Ба рағми ҷумла зулмат шамъ гардем.
Намуда НОБ-и Роғунро дубора,
Дурахшон дар замин ҳамчу ситора.
Ба чор ақсои олам раҳ кушоем,
Ҷаҳонеро зи худ огаҳ намоем.
Заводу фабрику корхона созем,
Мисоли олами афсона созем.
Ҷаҳон бо амри Ҳақ таҳсин бигўяд,
Ва ҳам Маҳмадрасул омин бигўяд.
ЗОДГОҲИ АҶДОДОН ҲАМ ВАТАН АСТ
Ало, эй харидори мағзи сухан,
Дилат баргузин з-ин сарои куҳан.
Фирдавсии Тўсӣ
ДЕҲИ ҲАМЗА
Бо мурури замон мардум ин деҳаро на Деҳи Ҳамза,
балки Дараи Ҳамза гуфта одат карда буданд. Хусусан дар
фаслҳои зебои баҳору тобистон ва тирамоҳ деҳи Ҳамза
шабеҳи биҳишт мешавад гўям, хато нахоҳам кард. Аз ду канори деҳа дарёчаҳои шўхи каб-кабуди хушсадои ях барин хунуки ширинмазза ҷорӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё