ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дар дилам сад дарду ғам дорам кунун.
Лек дарди ёди модар дигар аст,
Ҷойи меҳраш дар дилу дар пайкар аст.
Кош модарҷон, зи нав эҳё шавӣ,
Рўйи ҳавлии падар пайдо шавӣ.
Ту маро оғўш гирӣ ҳамчу гул,
Бо навозиш гўиям Маҳмадрасул.
Ҳамчу тифли шўху бедарду ғаме,
Сар ба зонуят гузорам як даме.
Лек ин умеде ширин, ин ҳавас,
Орзуҳои биҳиштӣ ҳасту бас.
КУҶО ШУД ШЎҲРАТИ ТОҶИК?
Куҷо шуд шўҳрати тоҷи каёнӣ,
Ҳама он эътибори хусравонӣ.
Анўшервони одил бо сахояш,
Русуми адлу инсофу вафояш.
Буд андар даҳр Султони Кабире,
Сипаҳдоре, Куруши муқтадире.
Зи дарёи Хазар то кишвари Чин,
Ҳама фармонбараш бе ҳиллаву кин.
Ба гардунҳо расида эътибораш,
Басе сарсабзу хуррам буд диёраш.
Куҷо шуд шўҳрати тахти Бухоро,
Намебинам дигар бахти Бухоро.
Дареғи Шоҳ Исмоили Сомон,
Фано шуд ў зи дасти кинахоҳон.
Зи бепарвогиҳои ворисонаш,
Парешон шуд диёри бекаронаш.
Ғуломӣ кўчӣ соҳибтоҷ гардид,
Асилзода ба ў мўҳтоҷ гардид.
Ҳазорон сол мо бе тахт мондем,
Ва бе шоҳи худӣ, бе бахт мондем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё