ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
ИШҚИ МАСЕҲИДУХТАР
Духтари сап-сафеди парипайкаре, ки ҳурони биҳиштро ба ёд меовард, ба пешвози аробача омад ва маро бо ёрии ҳамшираи шафқате ба даруни хайма бурданд. Ҳангоме ки либосҳоямро дар рўшноии фонус аз баданам мебароварданд, хуни яхбаста лунда-лунда аз даруни мўза ва шимам болои гилем меғалтид. Якеаш оҳиста-оҳиста ба дигаре пичирросзанон мегуфт:
«Валентина Ивановна, маҷрўҳ ҳалок мешавад, ў аз се ҷояш тир хўрда, хуни зиёде талаф додааст». Акнун ҳис кардам, ки ҳамон духтари париваше, ки маро аз аробача фароварду либосҳоямро кашида, шири бо қанд ҷўшондаро бо ҷумаки чойник ба даҳонам бурд, Валентина ном доштааст.
Субҳ дамид ва мошини ёрии таъҷилӣ омад. Мо, маҷрўҳонро, ки ҳафт нафар будем, ба мошин савор карда, ба беморхонаи шаҳри Мозир оварданд. Валентина Ивановна ҳамроҳи духтурон ду моҳу даҳ рўз моро табобат карданд. Ҳамшираи шафқат нисбати ман ғамхории зиёде мекард. Ў рўзе маро дар палата танҳо дида, изҳори муҳаббат карда гуфт:
– Эй, тоҷикбача, аз ҳамон рўзе, ки туро аз аробача фаровардаму либосҳоятро дар хаймаи тиббӣ иваз кардам, меҳратро дар дилам ҷой кардам. Ба хотири ҳамин ишқи ногаҳонӣ ба ин беморхона омадаму ду моҳ туро табобат кардам. Акнун ту шифо ёфтаӣ. Аз ин пас зинда мондани ману ту дар дасти ту мебошад.
Ман ҳайрон шуда, ба фикр фурў рафтам, ки ин духтараки зебо аз ман чӣ мехоста бошад? Ў ин лаҳзаро дида, маро бўсаборон кард. Ҳамин тавр, ҳар рўз дар назди беморон ў ин корашро такрор мекарду ман худро ҳимоя менамудам. Як рўз пеш аз ташхиси комиссия ў маро ба хонаи ҳамшираи шафқат даъват кард ва хост, ки бибўсад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё