Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ман аз тарси Худо ўро нагузоштам, ки наздикам шавад. Дар охир ў гирён шуда гуфт:
– Эй инсон, ту дилу гурда дорӣ, ман туро дўст медорам. Ту маро боре намебўсӣ, магар ман зиштрўям?
Ту худ медонӣ, ҳамагон орзу мекунанд, ки сўяшон табассуме кунам. Намекунам, зеро ки ишқи ту, тоҷикбача, дар дилу ҷигари ман асар кардааст.
Гуфтам:
– Не, ту фариштаи осмонӣ ҳастӣ ва барои ман чун хоҳар азизу ғамхор ва чун дўсти ҷонӣ вафодор мемонӣ.
Охир ман дар Тоҷикистон зану фарзанд дорам, духтарчаам Бўригул, завҷаи вафодорам, Фазила, интизоранд.
Ў аз қаҳр оҳи сўзноке кашида гуфт:
– Ту дар дами аждаҳои марг қарор дорӣ, агар хоҳиши маро рад кунӣ, ману ту дар дами оташи ҷанг ҳалок хоҳем шуд! Ту дигар абадӣ зану фарзанд, падару модар, хоҳару бародар ва ватани азизатро намебинӣ! Аз захм ё ҷароҳати тиру тўпи душман ҳалоку беному нишон мешавӣ! Пагоҳ комиссия туро ташхис мекунад, тақдири ту дар дасти ман аст. Агар маро ҳамроҳ ба Тоҷикистон барӣ, ба ҳайати комиссия мегўям, ки ў гирифтори бемории саръ (эпилепсия) мебошад. Пас туро ба ақибгоҳ, ба ватанат мефиристанд ва маро роҳбалади ту таъин мекунанд.
Маро бо худ бар. Аз китобҳо хондаам, ки мусулмонҳо аз ду то чор зан мегиранд. Қуръони Ислом аз Инҷилу масеҳият сарчашма мегирад. Ба хотири ишқи поку зинда монданам, розӣям ки зани дуюми ту шаваму дини поку ҳақи шуморо қабул кунам. Қуръону Ислом охирин китобу дини Худованди яктост...
Ин гуфтугўйи мо панҷ соат давом кард. Дар охир гуфтам:
– Биё, ҳозир калима арза намо ва мусулмон шав! Ту зеботарин ва вафодортарин духтари масеҳӣ ҳастӣ, рўҳи поки ҳазрати Исо (а) ва Марями муқаддас ҳамеша шафоатгарат ҳастанд, ки қалбат ба Қуръону Ислом майл дорад.

пешина
аз 191
навбатӣ