Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Замин пур аз барф буд, ҳар як зарбаи бел миқдори гўгирд барин яхи заминро мехезонд. Пас аз ду соат ба миқдори як ваҷаб қабрамро кандам, ба умеде, ки тирҳои тўп ё танки душман ба хона бархўраду хона ба болоям чаппа шавад ва дар он ҷо ҷон дода, ором бихобам, то ки дар зери чархи танк намонам ва ё ҷисми беҷонам хўроки даррандае нашавад. Калимаи шаҳодатро паси ҳам такрор мекардаму хоҳону интизори марги зери девор будам.
Дар ҳамин вақт боз тири тўп дар наздам таркид ва пораҳои тир пош хўрда ба паси гарданам бархўрданду чор дандони курсиям канда шуда дар болои забонам қарор гирифтанд. Хун чун аз ҷумаки чойник аз даҳону биниям ҷорӣ шуд. Беёд шудам, замоне ҳис кардам, ки дасте ё чизи гарму мулоиме сарамро сила мекунад. Базўр чашмамро кушодам. Дар болои сарам даррандаеро дидам, ки даҳонаш кушода, забонаш овезон ва аз нуки забонаш об мечакад. Сўям нигариста, сарамро мелесид.
Дар аввал хаёл кардам, ки мурдааму малоик Накиру Нукар ба сурати саг ва ё гург даромада, аз амалҳои хайру шаррам саволу ҷавоб мекунанд. Баъд аз дақиқае ба худ омадаму боварӣ ҳосил кардам, ки саг ва ё гурги гурусна ҷасади маҷрўҳи пурхуни маро нўши ҷон кардан мехоҳад.
Ин дарранда ҷинг-ҷингкунон дар атрофам чарх мезад.
Ногаҳон чашмам ба аробача афтод, ки бо нишони салиби сурхи ёрии таъҷилӣ дар миёну гардани ин дарранда баста шудааст. Пас саг будани онро донистам. Тарсу ҳароси ҷонро аз худ дур кардам. Хостам худро болои аробачаи чанагӣ гирам, лекин ҳамаи аъзои баданам карахту беҷон буд. Саг аз гиребони чакманам гирифта, ба сўйи аробача кашид. Бо як азоб худро болои аробача гирифтам. Фақат анбиёву авлиёҳоро шафеъ оварда, ба даргоҳи Худои Раҳим дуо карда, роҳи наҷот ва ё марги ҳалоли бо ҷанозаро мехостам. Саги безабони доно оҳиста-оҳиста, гаваккашон аробаро ба боло бароварда, тахмин як фарсах (8км) ба ақибгоҳ кашолакунон маро то ба хаймаи тиббие овард.

пешина
аз 191
навбатӣ