Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ў оҳи сарде кашида гуфт:
– Ў бегоҳии 23-юми феврал аскари тирхўрдаи маҷрўҳеро 5000 метр ба тарафи ақибгоҳ гаваккашон бурда, дар пункти тиббӣ мемонад ва дар вақти бозгашт ба мина бархўрда, пора-пора мешавад.
Оҳи сарде аз дили пурдард кашида гуфтам:
– Офарин, Сергей Ивановичи рус! Ба ивази тани маҷрўҳу нимҷони ман ҷони худро қурбон кардӣ. Шояд, ки бо нури имон рафта бошӣ! Охир худат мегуфтӣ, ки бобоят мусулмони қафқозӣ буд, аз ҳамин сабаб мусулмонро дўст медорӣ ва мехоҳӣ мусулмон бошӣ. Ман орзу доштам, ки замоне мерасад, туро аз дини поки Ислом бохабар мекунаму калимаи «Шаҳодат»-ро ба забонат ҷорӣ мекунӣ ва мусалмони пок мешавӣ. Сирри Ҳақро ғайр аз Холиқи арзу само касе намедонад. Шояд рўҳи бобои Зоири мусулмони қафқозият шафоат карда бошаду, дар вақти таркидани мина «Ло иллоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур Расулуллоҳ» гуфта, баъд ҷисмат пора-пора шуда, ҷонро ба Малак-ул-мавт супорида бошӣ?! Бо ин хаёлҳо шабро рўз мекардам.
Баъди чанде маро аз ташхиси тиббӣ гузарониданд ва боз ба фронт фиристоданд. Ҷанг дар наздикии шаҳри Калинковиҷ давом мекард. Душман ақибнишинӣ карда, камин мегирифт. Мо синаро сипар карда; «Ба пеш, барои Ватан, барои Сталин!» – гўён, адуро таъқиб мекардем.
Ҳар як ваҷаб замини Ватанро бо баҳои ҷони даҳҳо ҷавонмардони тоҷику рус, озару гурҷӣ, арману туркман аз душман озод мекардем. Тир чун жола мебориду садои танку тўп чун гургони гуруснаи хунхўр ба гўш мерасид.
Шаб чун даруни гўр торик буд. Ногаҳон зарбаи сахтеро аз зери поям ҳис кардаму чун тўби футбол як метр боло ҷаҳидам, хаёл кардам, ки тири тўп ба замин бархўрду яхи замин ба поям зад. Дар аввал беёд шудам ва сонӣ ба худ омадаму гаваккашон худро дар паси девори хонаи харобу валангоргаштае гирифтам. Пойи ростам то ба миён карахт шуда буду кор намекард. Дар паси девор бо белчаам гўри худро кофтам.

пешина
аз 191
навбатӣ