Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар се соли ҷанг аскарони мо дар Белоруссия қариб 500 ҳазор нафарро несту нобуд, 11128 эшелони душманро чаппа карда, 819 пули роҳи оҳан, 4710 пули мошингардро тарконданд, 948 гарнизону штаб, 939 анбори ҳарбиро несту нобуд карда, 1355 танку мошини зиреҳпўш, 18700 мошин, 305 ҳавопаймои ҷангии душманро аз кор бароварданд.
Июли соли 1944 қўшунҳои Шўравӣ Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Белорусро аз фашистони истилогар пурра озод намуданд. Ҷанг дар наздикии шаҳри Гомел давом мекард. Ногаҳон тири тўп дар наздам таркид ва зарбаи ҷонкоҳеро дар пуштам ҳис кардам, – ба нақлаш давом медод падарам: – Дунё дар назарам чарх заду пеши чашмонамро пардаи сиёҳу торик пўшонид.
Замоне ба худ омадам, ки командири полк капитан Зоиров Сергей Иванович ҷисми нимҷонамро ба пушти худ гирифта, гаваккашон ба ақибгоҳ мебурд. Сарам чун сари гўсфанди сарбурида дар сари китфонаш овезону алвонҷхўрон, гоҳе ба ҳуш меомадаму лаҳзае беҳуш мешудам. Хуни сурхи даҳону бинӣ ва ҷароҳати пуштам, ки тири тўпи душман қабурғаҳоямро шикаста буд, барфи сап-сафедро сурх карда меомад. Афсари ғамхор барои раҳоии ҷони худу наҷот додани ман 5000 метрро гаваккашон тай карда, маро ба пункти тиббӣ расонд.
Расо ду моҳ дар беморхонаи ҳарбии шаҳри Гомел табобат гирифтам.
Баъдтар дар беморхона бо як ҳамлашкарам, ки зодаи Доғистон буд, вохўрдам. Ў аз як пояш маҳрум монда буд.
Баъд аз каме ба худ омаданам аз ў пурсон шудам: – Асламов Расул, оё аз ҳамхизматонамон касе зинда мондааст?
Ў гуфт:
– Эй ҳамшаҳр, аз 180 нафар танҳо ману ту мондему халос, дигарон ҳалок ва бе ному нишон гаштанд.
Гуфтам:
– Қумондон, капитан Сергей Ивановичро надидед?

пешина
аз 191
навбатӣ