ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
ҶАНГ ДАР САРЗАМИНИ БЕЛОРУС
Падарам мегуфт:
– Ҷанг чун аждаҳои ҳафтсари оташфишон шаҳрҳову деҳот, боғҳову ғаллазорҳо, ҷангалзору ҳайвоноту наботот, паррандаю хазанда ва ҷумла одамонро ба коми худ дармекашид.
Ҳар куҷое, ки расад пойи шуми қатаған,
Не зинда Ватан ёбаду не мурда кафан.
Аз паси пойи гитлерчиён дар шаҳрҳову деҳот ва ҷангалзорҳову ғаллазорон ба ҷуз хокистари сиёҳи сўзон чизе боқӣ намемонд.
Ҷанг то 15 ноябри соли 1942 ба фоидаи лашкари Олмон буд. Аммо сарбозону афсарони Армияи Шўравӣ, ки ба туфайли ваҳдату ягонагии ҳамаи миллатҳо ташкил шуда буд, ҳамчунон суботкорӣ ва далерӣ нишон дода, афзалияти санъати ҳарбӣ ва техникаи шўравиро исбот менамуданд. Аз 19 ноябри соли 1942 сар карда, Армияи Шўравӣ дар самтҳои ҷанубу ғарб ва шимоли кишвари паҳновар ба ҳуҷум гузашт. Лашкари Шўравӣ пагоҳии барвақт, баъд аз тирборони артиллерия фронти душманро дар ҷануб ва шимолу ғарбии Сталинград рахна карда, фашистонро торумор намуданд. Онҳо дар шимол зўр мезаданд, ки Сталинградро ба даст дароранд.
Ҷангҳои нобаробари даҳшатовар дар Украинаву Белоруссия давом доштанд. Аскарон аз ду тараф чун мўру малак ба муқобили ҳамдигар ҳамла мекарданд.
Ҷисмҳои оғуштаи хоку хуну беҷони сарбозонро шуморидан ғайриимкон буд. Ҷасадҳои сиёҳи пурхуну пурхок болои барфи сафедро чунон пўшонда буданд, ки аз бисёрии ҷасадҳо барф намудор набуд. Бўйи хун бо бўйи ғализи одамони сўхта ва дорую борут омехта гардида, қайи одамро меовард. Садои тиру туфанг, оташу дуд гўё қиёматро қоим карда буду гунаҳкору бегуноҳ дар ин ҷаҳаннам баробар месўхтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё