Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Падарамро дорандаи ақли кул гўям ҳам, хато нахоҳам кард, зеро ки ў ҳамаи хислату рафтори инсони комилро доро буд. Ҳар гоҳе ба шикор мерафт, маро ҳамроҳ мебурд. Дар деҳаи кўҳистони баландкўҳ зиндагӣ мекардем, табиати биҳиштмаъвояш дар чор фасл дили ҳар як бинандаро тасхир карда, илҳомашро ба ҷўш меовард.
Дар деҳаи Лошхарф 10 хонаводаи муҳоҷири солҳои 1950-ум, ки аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳуриямон ҷамъ омада буданд, дўстона зиндагӣ мекарданд.
Бобоям, Иброҳим, падарамро Муҳаммадраҷаб ном карда буд, лекин ўро ҳама Раҷаб мегуфтанд. Ҳар бегоҳ мардони деҳа дар хонаи мо ҷамъ меомаданд ва пас аз адои намози шом хўрок хўрда, то соатҳои 11-12-и шаб нишаста, дар ҳар бора сўҳбат мекарданд. Бобои Абдусамад ва Ҷонмуҳаммад аз ашъори ҳазрати Саъдию Ҳофиз ғазалхонӣ мекарданд. Мулло Солеҳу Ҳалифа Ашўр бошанд, аз саргузаштҳои аҷоибу ғароиби солҳои пешини хеш, ки бо ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ, яъне Домуллои Сурхиён, умрашонро якҷо гузаронида, бо ў борҳо ҳамсўҳбат шуда буданд, ҳикояҳои шавқовар менамуданд. Падарам доимо ба ман, ки нахустин фарзанд будам, насиҳат карда мегуфт:
– Хон, писарам! Хонданро Худованд ба пиру ҷавон, марду зан фарз гардондааст. Дурри мақсудро аз илму амал, бе кўшишу ҷадал, бо осонӣ азхуд кардан номумкин аст. Рост рав, рост гап зан, ҳаргиз дурўғ нагўй ва ба амонати касе хиёнат накун. Касе ба ту сухани қабеҳ гуфт, ташаккур гўй, агар ҷавоби ҳақоратомез гардондӣ, мартабаат аз вай пасттар мешавад.
Гоҳе ҳазломез мепурсид:
– Бачам, агар касе туро бегуноҳ торсакие занад, ту чӣ кор мекунӣ?
Мегуфтам:

пешина
аз 191
навбатӣ