Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дертар меомадам гар шаб ба хона ман зи кор,
Ҳамчу мурғи пойсўхта мешудӣ ту беқарор.
Оҳ мегуфтӣ: писарҷон, кардиям хуни ҷигар,
Дар куҷо будӣ ту охир, бингарам бар чашми тар.
Ман дигар дилсўз мисли ту надорам, қиблагоҳ,
Кӣ, зи ман пурсон шавад, шаб дар куҷо будӣ ба роҳ?
Дер фаҳмидам, падарҷон, қимататро, во дареғ,
Он ҳама дилсўзиҳову ҳиммататро, во дареғ.
Дер фаҳмидам, ки дидорат ғанимат будааст,
Ҳар нафас бо ту нишастанҳо, чи қимат будааст.
Ҳолиё бар ёд меорам ҳама рафтори ту,
Он ҳама хушсўҳбатиҳо, он ҳама гуфтори ту.
Мезанад ҳар лаҳзае гум ин дили шўридаам,
Дар сари гўрат бирезад ашки ғам аз дидаам.
Дар замин будӣ ҳамеша ту мададгорам, падар,
Рўҳи покат ин замон бошад нигаҳдорам, падар.
Зораҳо дорам ба даргоҳи Худои муттаол,
Он Худованди Кариму ҳам Раҳиму лоязол.
Ки ба ҷаннат ҷой гириву шавӣ аҳли қабул,
Шод гардад ин дили шўридаи Маҳмадрасул.

Инсонҳо аз рўйи ақлу хирад ва кордонӣ ба се гурўҳ мансубанд: гурўҳи аввал дорандагони ақли кул, ки онро ақли худододӣ меноманд. Худованд ин ақлро ба анбиёву авлиё, олимони ҳамадон ва гоҳе каму беш ба шуарову удабо ҳам насиб мегардонад, ки аз эшон ҳамагон манфиат мегиранд.
Ба гурўҳи дуюм одамони миёнаақл дохил мешаванд, ки эшон барои ба қуллаи марому мақсадҳояшон расидан ба фардони гурўҳи якум, яъне ақли кулдошта ниёз доранд. Онҳо бо ёрию кўмаки инсонҳои ақли кулдошта корҳои хуби басе мушкилро ба манфиати халқу Ватан ба сомон расонда метавонанд.
Шахсони ақли ҷузъдошта, ки ақли ҳайвониаш мегўянд, аз бузургтарин неъматҳои Худованд бенасибанд ва ба падару модар, ватану миллат ба ҷуз иснод чизи дигаре намедиҳанд.

пешина
аз 191
навбатӣ