ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Шояд рӯзе онҳо дӯст гарданд?! Ва агарчи дӯст машаванд ҳам, боз ҳам, ҳеҷ коре нест, мо бояд силаро канда макунем. Ин вазифаи мост.
……….
- Оид ба масоили гирифтани сабқат ва пешдастӣ дар ҳама кор, ҳатто дар гирифтани дуо. Изофа: Гуфтор: “Одами суст аз Ҷаннат мемонад” ва дуруст гирифтани он бо ҳадиси набавӣ. Изофа: Тобише аз тафсири Ояти “...
аййукум аҳсану ъамалан” ва ё “... фалйатанафаси-л-мутанафисуна”.
Рӯзе аз рӯзҳо ба назди Мустафо,
Умматаш омад. Нишаст. Пурсид варо:
“К-эй Расул, чист маънии ин зиндагӣ?
Чист умқи мазмуне аз “бандагӣ”?
Аз ҳаёту пас, мамот в-ин соли чанд
Байни ину он чаро морост банд?
Рӯз биёву рӯзи дигар рафтанист,
Аз чунин як “рафтуо” мақсуд чист?
Чист суд аз кӯшишу ин ғайратам?
Гарчи монанд рӯйи хок аз ин сарам.
Чист фойида аз мулуку давлате?
Гар натонам бурда бо худ сарвате.
Ин ҳама осмону хуршед фавқи сар,
Бозӣ доштанд бе мане дар ҳар назар.
Гар равам аз байн, магар бозингарон,
Бозиро аз даст диҳанд дар ин ҷаҳон?!”
Ҳарчи мегуфт умматаш, ҷон дошту тан,
Мисли сӯзан мешигофид ин бадан.
Ҳар суолаш, мисли тавқи заргарон,
Муҳр мегашт дар хаёли умматон.
Аз суоли ӯ Расул бар фикри жарф,
Рафта буду бар даҳон-ш н-омад ҳарф.
Дар даме, лек, Ояте нозил гашт,
Мисли офтоб кард рӯшан саҳни дашт.
Гарм шуд аз нури вай дашту даман,
Шуд муайян ҳар гуле дар ин чаман.
Ояте хонд мар варо Аҳмад зи ваҳй,
Он чунон буд таъкиде бо амри наҳй:
“Офаридем мавту зиҳ, то имтиҳон
Карда бошем мо шуморо дар ҷаҳон.
То бисанҷем байнатон он кист яке
Нектаре дар кори нек аз ҳар яке...”
Ин бихонду зам намуд дар тафсираш, Ки сухан оиди “неку нектараш”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё