Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фахри ӯ буд ин Муҳаммад, бе гумон,
Нохуну пас, гӯшти худ медид дар он.
Ин сухан поён надорад, бас баъид
Рафтаем аз қасди аввал, ай шаҳид.
Қасди мо дар гуфтаи Ос аз Набист,
Ки нагуфтан онро бас душманист.
Ӯ шунид, ки Мустафо гуфт: “Ҳам Худо,
Ҳам накӯкорон бошанд дӯсти мо...
Бо Худову муъминон ман дӯст гирам,
Назди пошон, бегумон, ман сар ниҳам.
Лек, агар онҳо набошанд дӯсти ман,
Чун ва аммо, дошта бошанд раҳми ман,
Силаву ман иртибот орам ба ҷо,
Чунки тарсам ман зи қаҳри он Худо.
Чунки ӯ гӯяд, ки сарфи кардашон,
Силаи раҳмро бикун дар наздашон.”
...

Амрив бин Ос (р.а.) ривоят мекунад, ки худ шунидааст, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) чунин гуфт: “... инна Ола Абифулонин лайсу биавлиёъӣ. Иннамо валиййиа-л-лоҳу ва солиҳу-л-муъминина. Ва локин лаҳум раҳиман, абаллуҳо бибалолиҳо, яънӣ, асилуҳо бисилатиҳо”.

Яъне, “..., ки тоифаву хонаводаи Абуфулон, дӯстони ман нестанд. Дӯсти
ман Худову муъминони накӯкор ва дурусткор ҳастанд. Валекин, онҳо бо
ман иртиботу силаи раҳм доранд, ки ман ин корро ҳатман ба ҷо меорам.”

Яъне, дӯстам, чун дар тавзеҳу шарҳи яке аз аҳодиси набавӣ пештар ҷаҳд кардем ва навиштем, ки иҷро намудани силаи раҳм, яъне, пойдор доштани иртибот бо хешу ақрабо ҳатмист аз нишонаҳои мукаммалияти имон ва шарти мусалмони комил аст, пас, чун дар ин ҳадис, бори дигар исбот шуд, Паёмбари акрам (с.а.в.) мегӯяд, ки ӯро танҳо Худованд ва муъминони накӯкор дӯст буда метавонанду бас, вале...

Вале, агар аз зумраи хешу ақрабо, мисол ба мисли Абӯҷаҳл, ки амаки Паёмбар маҳсуб мегашт ва бо ӯ ҷангу ҷидолҳо мекард, бо Паёмбар рӯйрост душманӣ мекард, пас, сарфи назар аз ин, чун ӯ иртиботи оилавӣ ва авлодӣ бо Паёмбар дошт, силаи раҳмро Паёмбари акрам бо авлоди вай қатъ накард.

Ва шояд ҳамин боис шуд, ки фарзанди Абуҷаҳл Исломро қабул кард ва мусалмон гашт?

Худованд, албатта, беҳтар медонад!

Аз ин ҷост, дӯстам, ки агар мо соҳиби душман бошему онҳо аз ақориби мо
бошанд, ҳеҷ мушкилие нест; мо ҳатман бояд силаи раҳмро, чун Худованду Паёмбараш фармудаанд, идома диҳем ва он душманҳоро танҳо ба Худованд таваккул намоем.

пешина
аз 175
навбатӣ