ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Паёмбар (с.а.в.) ӯро гӯш мекунад, лутфу марҳамат намуда, чунин ҷавоб медиҳад:
“Албатта, ту соҳиби аҷру савоби ғайри мамнун (беҳисоб) гаштаӣ.
Офаринат бод! Хидмат дар назди падару модар мисли хидматест дар назди Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло, вале, ба ҳар ҳол, он чи ту се бор ӯро ба Ҳаҷ бурда бошӣ ҳам, то ҳол ба ҳаққи як шаби ӯ, ки дар назди гаҳвораат бедор нишаста, меҷунбониду туро шир медод, баробар нест!”
Бале, ҳаққи падару модар ҳамеша пойдор аст. То зиндаанд, ҳеҷ кас набояд фикр кунад, ки гӯиё ҳаққи онҳоро адо намудааст. Ҳаққи падару модарии волидайн бар фарзандон то он дамест, ки ҷон дар тани эшон бошад ва ҳатто, баъди сари эшон, то фарзандашон зиндааст ва ӯ амалҳоеро содир мекунад, ки боиси раҳмат ва ё лаънати волидайнаш мегарданд, ҳаққи волидайн тамом нест.
Ва нест он падару модаре, ки аз таммати қарзи худ, яъне, аз адо намудани қарзи худ дар назди фарзандаш боре арз карда бошад, шубҳае дар он дошта бошад.
Ҳар он чи, ки эшон баҳри фарзанд мекунанд, бе миннат аст.
Ҳаққи шахсе назди касе, аз рӯйи мантиқи дуруст, он дам ба итмом мерасад, ки худ аз байн равад.
……….
- Оид ба масоили беҳтар дониста шудани ҷиҳод дар назди волидайн, яъне нигоҳубинии онҳо ва хидмат дар назди онҳо, назар ба иштирок дар ҷиҳоди муқаддас. Идома: “василаи раҳм” ва эҳтиром намудани эшон дар қайди ҳаёт ва пос доштани хотири эшон баъд аз реҳлат.
Ай, чӣ суд аст баъди мурдан забҳи мол,
Гар мапурсидӣ зи ӯ боре ту ҳол?!
Фурсате, ки зинда буд, ай бевафо,
Карда будӣ мар варо зинда-ҷудо.
Менгарист бар роҳи ту бо чашми чор,
Тоза мекард кӯчаро аз захми хор.
Менишаст дар қадди роҳ бо як умед,
То бубинад сояатро зери шед.
Ин дили озмудааш тез метапид,
Дида шаклат дар сароб ӯ меҷаҳид.
Аз нишастан қадду қомат гашта хам,
З-интизорӣ, чашми ӯ пур гашт зи ғам.
Оби дида мечакид аз ду рухаш,
Медаромад дарди сахт андар сараш.
Аз чунин ҳол гиря мекард ин само,
Оби раҳмат бар сараш мекард фаро.
Гӯиё ки сила мекард, дасти раҳм
Бар сараш молида онро дам ба дам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё