Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

В-он даме Аҳмад ба ёд орад, ки ӯ
Соҳиби даъвои шафъ аст, ай Абу.
Чун кунад матлаб дуъоро, он Худо,
Фурсате форам кунад як дам ато,
То ки ӯ бар умматонаш даст гирад,
Ҷаннати Маъво барошон қасд кунад.
...

Абуҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) чунин фармуд, ки ҳар паёмбарро дуъое, дархосте аз Худованд пурсиданӣ аст ва ваъда шудааст, ки агар он як дуъои мавъудро бихонад, пас, Худованд онро ҳатман иҷобат мекунад ва пас идома дода гуфт: “... фауриду, иншо-а-ллоҳу, ан ахтабийа даъватӣ шафоъатан ли-умматӣ йавма-л-қиёмати”.

Яъне, агар ман ирода намоям ва он дуоро хонам, - гуфт Паёмбар ва агар Худо хоҳад, пас ман аз Худованд дуъо мекунам, то ки умматони маро, пайравони маро дар Рӯзи Қиёмат шафоъат карда бошад.

Яъне, дӯстам, шафоъат доштан, ин бархӯрд бо меҳрубонии Худованд аст, ин мағфират намудани гуноҳони банда аз ҷониби Худованд аст, ин бахшидани хатоҳост ва ин дарёфт намудани раҳмати Худост, ин ёфтани роҳ ба сӯи Ҷаннат аст.

Бубин, дӯстам, ки Паёмбари акрам (с.а.в.) чӣ гуфт? – Мазмунан ин аст, ки баҳри беҳдошти аҳволи умматонаш дар он рӯзи сахт, вай як дуъоро, як матлабро маҳфузу пинҳон доштааст ва дар умеди он аст, ки ин ҳамоно як дархостест, ки вай дар он рӯз мекунад ва беҳтар аз ин дуъои хайрхоҳонае нест дар назди Паёмбар барои умматонаш дар он рӯз.

Бубин, дӯстам, ки ҳамоно Паёмбари акрам (с.а.в.) дар он рӯзи ҷазо на дар фикри худ аст, ҳол он ки, “... йавма йафирру-л-маръу мин ахиҳӣ. Ва уммиҳӣ ва абиҳӣ. Ва соҳибатиҳӣ ва баниҳӣ...” (аз Қуръон), яъне, чунин рӯзест, ки аз бечорагӣ, мард аз бародараш, аз волидайнаш, аз зану фарзандонаш роҳи гурезро меҷустааст, валекин он Паёмбари мо (с.а.в.) дар ёди мо аст ва дар орзуи шафоъат ёфтани мост.

Ин муҳаббати беандозаи ӯ нисбати умматонаш аст, дӯстам, ва ӯ дар ҳақиқат Паёмбарест, ки “... хотама-н-набийин” (аз Қуръон) аст, яъне, хатмкунандаи силсилаи паёмбарон ва ангуштарии дурахшонтарин байни онҳост.

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва борик васаллим!

……….

  1. Оид ба масоили раҳму меҳрубонии модар.
пешина
аз 175
навбатӣ