Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Абуҳурайра (р.а.), Анас (р.а.), Ҳазрати Алӣ (к.в.) ва саҳобагони дигар ривоят мекунанд, ки Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) чунин фармуд: “Ассабру мифтаҳ-ул-фараҷи”, яъне, сабр – калиди ҳамаи кушоишҳост ва ё сабр – калиди фарҷоми неки ҳамаи корҳост.

Бале, дӯстам, чун Худованди аълосифот фармудааст: “... фа-сабрун ҷамил...”, яъне, маҳз сабр аз беҳтарин, олитарин ва базебтарин ахлоқи инсонӣ будааст ва он калиди ҳамаи кушоишҳосту фарҷоми неки ҳамаи корҳост.

Пас, чун Худованд фармудааст: “... фасбиру!”, яъне, сабру тоқатро пеша кунед, сабру қаноъату тоқаткунандаи ҳамаи “барфу борон”-ҳо, то ки ҷисму ҷонатон мукаммал гардад ва мақсад расида.

Ҳамеша дар коратон ба Худованд дар “... би-с-сабри ва-с-салот...” (Қуръон), яъне, дар вақти салоту сабр, аз Худованд истиъонат кунед, яъне, кумак талаб кунед. Маҳз ана дар ҳамин ҳолатҳо, дуъоҳо мустаҷоб мегарданд.

Ва ҳеҷ гоҳ чашми уммедро аз Худованди “самиъун басир”, яъне, басо шунавандаву бино, мапӯшед. Ҳамеша дар зикру дуо ва дар иҷроиши аҳкоми Худованди доно бошед, то вай матлабҳои шуморо шунавида бошаду ба тамоми орзуҳоятон расонида.

Ва бидонед, ки Худованд на кӯр асту на кар; вай тамоми корҳоро то қазо шудани амр, хуб медонад ва низ медонад, ки дар вақти қазо чӣ ҳол моро фаро мегирад ва низ хабаре дорад, ки оқибати кори мо чӣ аст.

Пас, сабрро пеша кунед ва бо чашмони худ бубинед, ки оқибати кор ба некӣ,
Худо хоҳад, анҷом ёфт.

……….

  1. Оид ба масоили азодорӣ, ки ба шарти рӯюмӯйканӣ, либосдарронӣ, додувой задану фиғон бардоштан, маҳкуму мамнуъ шудааст ва чунин шахси “азодор” аз аҳли умматони Расули акрам маҳсуб нест.

Бар сари соҳиби Мусо рӯзи сахт,
Чун бало ногаҳ биёмад рӯзи бахт.
Рост гӯяд он Худо, к-аз фарқи сар,
Мисли борон ӯ бало резад ба сар.
Ё бало хезад зи зери по-ш яқин,
То тавонад карда яксон ин замин.
Сахт ранҷур гашт Абу Мусо басе,
Гӯшт аз тан рафту шуд мисли хасе.
Ӯ сарашро дар бағал бинҳода бас,
Чашм пӯшид аз муҳит в-аз ҳар кас.
На табиби ҳозиқе буд, на гиёҳ,

пешина
аз 175
навбатӣ