ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ва дигар мисол он, ки, фаразан, мо дар набарди ҷанг нестему душман атрофи мо пайдо нест, вале бо чанде аз дӯстонамон аҳд бастем, ки дар кори хайр муштарак бошем. Вале, вақти кор мушкилиҳо пайдо шуд ва баъзе аз мо идома додани ин корро ба худ раво надидему аз кардани он даст кашидем. Ва ин ҳам мисли он фирор маҳсуб мегардад.
Пас, дӯстам, рӯй магардон, пушти саратро ба он “душман” нишон мадеҳ ва магурез. Бидон, ки он Худо бо мост.
……….
- Оид ба масоили сабр, чун вай калиди Ҷаннат будааст.
Истиъон аз зикру сабр бош мунтазир,
Чун бувад Ҳақ сомеъу матлабпазир.
Ӯ ҳамедонад ҳолро то қазо,
В-инчунин донад ӯ ҳоли баъдҳо.
Ӯ ҳамебинад чӣ аҳвол дар қазо,
В-инчунин дорад хабар аз ҳар садо.
Чашму гӯш ӯро набошад, ғайри он,
Бинаду хуб бишнавад ин ломакон.
Ӯст зоҳир! Ӯст ботин! Ҳар куҷо
Рӯ биёрӣ, самти ӯ аст, ай фато.
Гар фазо пур гашт аз нураш тамом,
Ӯ фарову ӯ гиро аст, вассалом!
Пас, чу гуфтем, сабр бошад чорае
То раҳо ёбад зи банд бечорае.
Гуфт Паёмбар: “Сабр калиди Ҷаннат аст,
Ғайри мамнун андарунаш раҳмат аст.
Ҳар ки бозёфт он калидро, бахт ёфт,
Андаруни Ҷаннаташ роҳхат ёфт!”
Дар “... ароик муттакиъин муфлиҳун”,
Бас назар доранд ба ҳол шоҳони ҷун.
Ин абармардон зи Ӯ бас розиянд,
Ҳамдами аҳкоми адли Қозиянд.
Чеҳраи эшон зи неъмат назрат аст,
Ин бувад, к-он аз нишони раҳмат аст.
Ҷаннатулмаъво гардидшон насиб,
Марҳаму розӣ бигаштанд з-он Муҷиб.
Гар ҳамим аст об барои муҷримон,
Пас, зи барду роҳиқ нӯшанд собирон.
Дар сифот аз беҳтарин ахлоқи ҷон,
Сабр бошад, ай бародар, ин бидон!
...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё