ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Паёмбари акрам чунин мефармояд: “... имону би-л-лоҳи ва расулиҳӣ, алҷиҳоду фӣ сабилиллоҳи...”, яъне, “... имон бар Худову расулаш, ҷиҳод дар роҳи
Худованд...”.
Яъне, дӯстам, бовар намудан ба яккаву ягонагии Худованди карим ва итоъат намудани қавонини мастур ва иҷро намудани кулли дастури ӯ ва кӯшишу ғайрат намудан дар роҳи дарёфти хушнудии ӯ – аз афъоли ҳамида ва писандидаи Худованд будаасту аз аъмоли беҳтарин.
Пас, суолкунандагон бозмепурсанд, ки “... сумма мозо?”, яъне, “... пас чӣ?” (яъне, кадом амали дигар аз аъмоли беҳтарин маҳсуб мешавад?), Паёмбари акрам (с.а.в.) чунин ҷавоб медиҳад: “... ҳаҷҷан мабруран” (ҳаҷҷи бароргашта).
Суол: Кадом Ҳаҷ мабрур ҳисобида мешавад, дӯстам?
- Бале, дӯстам, ана ҳамон Ҳаҷҷе, ки мавриди қабули Худованд бошад.
Яъне, дӯстам, “ҳаҷҷи мабрур” гуфта, онеро меноманд, ки бо моли ҳалолу нияти холис ва бидуни риё ва дар дурӣ аз гуноҳу азияту озори дигарон анҷом ёфта бошад.
Яъне, ҳаҷ бояд комилан бо маблағи ҳалол ба даст омада, аз касби ҳалол пайдошуда иҷро шавад. Сипас, ҳаҷ на барои риё (худнамоӣ) аст, балки барои тамйизи ҷон (пок намудани ҷон аз гуноҳон) аст ва набояд дар ин кор нияти нопок ва ё азияте барои дигарон эҷод шуда бошад.
Он Ҳаҷҷест, ки аввал имтиёзу эҳтиёҷи ақрабову ҷамоъат пештар аз ин иҷро шуда бошад. Яъне, кумак бар ятимону мискинону фақирону дигар ашхос ва ё кори ҷамоъат афзал дониста шаваду боқимондаи он ҳалоли иҷрои Ҳаҷ маҳсуб бошад ва ҳоказо.
Аз ин ҷост, ки Ҳаҷҷе, ки бо манзури ин ҳама шартҳои аввалин иҷро шуда бошад, мабрур аст ва истиқболи чунин Ҳаҷ ва ҳоҷиён муборак аст.
……….
- Оид ба масоили “кӯрҳаққон”, ки сарфи назар аз он ки медонанд, ғулҳои оҳанини кибр гардани эшонро печонидааст (-“ағлалан фӣ аъноқиҳим”-) ва чашмонашонро пардаи ғализ гирифтааст (-“ъало абсориҳим ғишоватун”-) ва бар дилҳошон муҳрест (-“хатама-л-лоҳу ъало қулубиҳим”-) ва аз ин ҷост, ки онҳо “... суммун букмун ъумюн”-анду дар кӯриву гунгиву карии худ ҳақиқатро намепазиранд.
Барфу борон раҳмат аст, ай ҳақҷӯ,
Муждаву бӯйро дар ин ҳаққаш биҷӯ.
“Фазлу раҳмат...” гуфт он як пири кор,
“... аз Худо дон!”-у дар он як чашм дор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё