Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. Оид ба масоили Ҳаҷ ва одоби истиқболи Ҳаҷ ва ҳоҷиён ва оид ба барору омади вай.

Ай, ки бар тан сӯфи Ҳаҷ пӯшидайӣ,
Оби Замзам дар ҳарим нӯшидайӣ.
Гар Худо хоҳад, ҳаҷат мабрур бод,
Ҳуҷҷати мақбули он масрур бод.
Шод бошо, гар ҳаҷат маҳлул шуд,
Ҳар нидову ҳар дуот мақбул шуд.
Эҳроми ту нишони тозагист,
Саҷдаҳоят ҷуз хабар аз бандагист.
Мисли ранги босафояш ранг кун,
Дил сапед в-аз чирку чарбаш нанг кун.
Тамйизӣ на дар тан аст, ай бовафо.
Дил ҳарими Ҳаққу ҷойест босафо.
То тавонӣ, дил ба даст ор, ай писар,
Нест беҳтар ҷуз диле ёфтан дигар.
Аз ҳазорон “каъбаҳо”, ай аҳли дин,
Як дилеро шод намудан шуд яқин.
Як дилеро шод намудан суннат аст,
Суннати Пайғамбари беминнат аст.
Ҳар ки ёбад як дилеву шод кунад,
Такмили имону руҳ иршод кунад.
Каъбаи мо андаруни ин дил аст,
Ёри мо, пас, андар он як манзил аст.
Ҳаҷ шавад мабрур агар дар роҳи он,
Бишнавида бошӣ, ай дил, оҳи ҷон.
Гар ту коми талхи мискинро шакар
Карда бошӣ, Ҳаҷ мабрур, ай писар!
Гар баровардӣ ниёзи соилон,
Ҳаҷ мабрур мешавад, ай аҳли ҷон.
Бар сари маҳрум ниҳодӣ гар ядо,
Мекунад мабрур ҳаҷҷат он Худо.
Гар сухан гуфтӣ накӯ бар хурду пир,
Бетакаллуф, ҳаҷҷи худ мабрур гир.
Гар шаванд эмин зи дасту ин даҳон,
Ҳаҷҷи ту мабрур шавад дар ду ҷаҳон.
Ин сухан тӯлонӣ гашт, маъзур дор!
Қасди мо гулзор буд, на бешазор.
...

Абуҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе, аз Паёмбари акрам, Муҳаммади мустафо (с.а.в.) суъол мекунанд, ки чӣ амале аз ҳамаи аъмол бартару босавобтар аст?

пешина
аз 175
навбатӣ