Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Он, ки аз бад ҳифз кунад мардумро,
Бемуҳобо, кушт дар худ зулмро.
Он, ки кушт он зулм, дигар золим нест,
Беамал дар арсае олим нест!
...

Абузар (р.а.) ривоят мекунад, ки рӯзе, аз Паёмбари акрам Муҳаммади мустафо (с.а.в.) чанд суоле мекунад.

Аз ҷумла, оид ба беҳтарин амал, ки имон бар Худованд асту ҷиддуҷаҳд дар роҳи вай аст ва аз беҳтарин барда, яъне, асире, ки бар соҳибаш аз дигар бардагон дида, беҳтару хубтар будааст ва аз кумак бар санъаткорон.

Ва ҳар гоҳ, ки Паёмбар ҷавоб медод, Абузар, истода-истода, бозмепурсид, ки “...
фаин лам афъал?”, яъне, “... агар ман ину он корро карда натавонам-чи?”

Яъне, Абузар, сарфи назар аз он, ки Паёмбари акрам (с.а.в.) ба ӯ насиҳат мекард, ки аз беҳтарин амалҳо имон асту дигару дигар, ӯ фикр мекард, ки агар ӯ аз уҳдаи ин кор баромада натавонад, пас, чӣ бояд дигар кунад, ки соҳиби савоб гардаду писанди Худованди мутаъол?

Оқибат, Паёмбар (с.а.в.) чӣ хостани Абузарро дарк мекунад ва ба чашмони эшон
нигаҳ карда, чунин мефармояд (яъне, агар ту ину он корро карда натавонӣ,
пас,): “Тадаъу-н-носа мина-ш-шарри; Фаиннаҳо садақатан тасаддақу биҳо
ъало нафсика”, яъне, “Мардумро аз шарри (бадии) худат маҳфуз (эмин)
намо, ки ин, бемуҳобо, некие аст, ки (аслан) ту бар ҷони худ мекунӣ!”

Яъне, дӯстам, хоҳ некӣ кунӣ ва ё хоҳ бадӣ, ин ҳама баргарданда асту натиҷа ва маҳсули онро, ҷазову мукофоти онро худат мебиниву халос.

Яъне, чун дар Қуръон омадааст: “... мисқола зарратин хайран, йараҳ...
мисқола зарратин шарран, йараҳ!”, яъне, ба қадри мисқол некӣ карда бошӣ, мукофоти онро мебинӣ ва ба қадри мисқол бадӣ карда бошӣ, ҳатман, ҷазои онро ҳам худат мебинӣ.

Пас, агар ту аз шарри худат мардумро нигаҳ дорӣ ва зарар марасонӣ, ин монанди он аст, ки гӯиё худатро ҳифз намудаӣ, чунки ҳар чизеро ки кардӣ, барои худат мекуниву бас.

Ин як истеъдоди бузург аст, дӯстам, ки гӯиё касе, ки аз бадиаш дигаронро эмин дошта тавонист, вай тавонистааст, ки дар худ зулмро бикушад, яъне, нафсашро идора карда тавонаду аз зарар расонидан бар дигарон даст кашад. Вай тавонистааст, ки аз нияти нопок дур истад ва аз васвасаи Шайтон дур.

……….

пешина
аз 175
навбатӣ