Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

……….

  1. Оид ба масоили нигаҳ доштани дигарон аз бадии хеш, ки он ҳам кори савоб ва шоистаи таҳсин ва он, ки гарчанд ба дигарон некӣ намуда бошӣ, он, аслан, ба мисли он аст, ки гӯиё ба худат некӣ карда бошӣ.

Он даме, ки қолабаш хокбаста шуд,
Аз даме, к-аз рӯҳи ӯст, вобаста шуд.
Рӯзи охир аз гузашти шаш ҳазор,
Нафх намуд аз рӯҳи худ он Кирдугор.
Ҷон даромад. Хост барояд, лек куҷо
Мар тавонад кард фирор аз ин Худо?!
Ломакон аст ӯву ҳар ҷо ҷойи ӯст,
Ҳар куҷо гӯшт бошаду ӯ мисли пӯст.
Устухон аст зери он гӯшт ин Худо,
Кай тавонӣ нохун аз пӯст кард ҷудо?
Ин бувад маънӣ зи наҷво, ай писар,
Дар шурути мунҷиён хубтар нигар!
Хуб, сухан тӯлонӣ гашт, баргашта ой,
Ин бувад мақсад, ки бар маънӣ дарой.
Пас, чу Ҳақ ҳар ҷо бувад, ӯ аст басир,
Ӯ бувад озоду лек, моем асир.
Бинад ӯ ҳар мунтаҳову интаҳо,
Донад ӯ анҷоми кори бандаро.
Пас, бикӯш нек бошиву аз дасти ту,
Зулм мабинад ҳич касе, ай чораҷӯ.
Гар набошад касби ту некӯамал,
Ҳифзашон бинмо зи неши он аҷал.
Гар тавонӣ, аз ину он суд кун,
Зулм бимону фойидаро мақсуд кун.
Мутмаъмин бош, чунки ин як судҳо,
Мекушоянд сад дари қасду ризо.
Ҳар дари он сад даре дорад дигар,
“Ирҷиъи-л-абсора...”-ро ёд кун, писар.
Лек, агар натвонӣ некӣ боздод,
Аз бадӣ худдорӣ кун, ай зулвидод.
Ҳар чи кардӣ, сӯи худ ояд дигар,
Зидди бод мезиш кунад андом тар.
Дар натиҷа, хирқаат расво шавад,
Дар Қиёмат, аҷзи он барпо шавад.
З-ин ки аз шаррат муҳит кардӣ амон,
Фойидаро бар худ расонӣ, бегумон.

пешина
аз 175
навбатӣ