ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Яъне, дӯстам, “қарни Шайтон”, чун дар ибораҳову зарбулмасали арабҳо истифода мешавад, яъне, “ду шохи Шайтон”, ки яке “фитна” (фитнаву фитнакорӣ, фитнагарӣ, фитнабозӣ) ва дигаре “фосидӣ” (бадкорӣ, нофармонӣ, ҷаҳолат, торикии дину дил) аст, маҳз дар ҳамон ҷо пайдо мешудааст, ки дар он ҷо, мардум, ба мисли мардуми қабилаҳои ондавраи Рабиъа ва Музар, аз зиёдати молу уштур, худро аз “Аҳли Вабар” (соҳибони моли бузургҷусса ба мисли ушутурон, яъне аҳли беш) меҳисобиданду мағрур аз он шуда, ифтихор бо он дошта, садои худро ва мақоми худро аз “Аҳли Ғанам” (ағном, яъне, аз аҳли кам), яъне, аз соҳибони моли хурдҷусса ба мисли гӯсфандон, баланд мегирифтанд.
Яъне, ҳамеша фикр мекарданд, ки агар моли онҳо зиёдтару ҷуссаи он молашон бузургтар бошад, онҳо “ҳуқуқи” баланд кардани садои худро дар маҷлисҳо доштанд ва ё мақоми алоҳида ва фарқкунанда аз аҳли кам доштанд, ки ин мутлақо нодурусту мағруриву такаббурист ва дар асоси ҷаҳолат (нодонӣ), ки фитнаро ба миён меораду он фитна фасодкориро раво мебинад, будааст.
Ингуна ашхос аз куҷо донанд ва ё дарк намоянд, ки чун Худованд фармудааст:
“... инна анкара-л-асвоти ласавту-л-ҳамир” аст, яъне, овози бадтарин (яъне, инкоршуда ва гӯшхарош ва нофорам ва аҳмақона) - ин овози баланди “харон” аст?
Яъне, дӯстам, он ашхосе, ки бидуни илму маърифату маданияту адаб, бо овози баланд сухане мегӯянд ва ё баҳсҳои бедалелу ҳуҷҷатро меороянд ва бо ин иззу ҷоҳи хосаро барояшон талаб мекунанд, мисли ана ҳамон харонанд, ки овози баду гӯшхарош доранду бас.
Агар, дӯстам, “қарни Шайтон” фитнаву фасод бошад, пас, шахсе, ки маърифату диндор аст, парҳезкор аст, накӯкор аст, хоксор аст, бо нангу номус аст, ҳуввияти бандагиро дорад ва ҳоказо, мисли он аст, ки гӯиё “кулоҳи қарнаин”-ро, яъне, сарпӯши Зулқарнайнро ба сар намудааст, ки ин ташбеҳи шахси оқилу доност ва зафарёб аст.
Пас, дӯстам, кулоҳи қарнаин аз кулоҳе, ки дар он ду шохи Шайтон зоҳир аст, беҳтар будааст.
Албатта, дӯстам, Аҳли Ғанам (аҳли кам) аз Аҳли Вабар (аҳли беш) дар теъдоди молу мулк каманд, вале худ қазоват бикун, ки ҳисобу китоби аҳли кам тезтару осонтар аст (“ҳисобан йасиран”; Қуръон), ҳол он ки чӣ миқдор моли зиёда дошта бошӣ, ҳамон қадар ҳисобу китобат тӯлонитар мегардад.
Кироман Котибин бошанд, яъне, фариштаҳое, ки Номаи Аъмолро дар он рӯз
менависанд, ҳисобу китоби осонро бо як рақам ва ба зудӣ ба итмом мерасонанд,
вале ҳисобу китоби сахтро ва тӯлониро бар фаддодон (бо савти ҷоҳилонаву баландгӯёнро), гӯиё ки ба мисли қалами ақрабин (каждум) ва бо килки нешинаш (бо нешаш) навиштагӣ барин, менависанд, ки ҳар ҳарфи навишта бо чунин неши ақрабин сахт дарднок аст, яъне, муҳин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё