ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
……….
- Оид ба масоили “шохҳои Шайтон”, Аҳли кам ва Аҳли беш ва дар бораи фитнаву фасод.
Қарни аввал - фитна бошад, ай писар,
Қарни дуввум – фосидӣ аз аҳли шар.
Фосила ин байни ду қарн дур нест,
Соликонаш - аҳли оташ; Нур нест.
Он, ки байни қарн мусофир мешавад,
Оқибат малъуну мунфир мешавад.
“Ӯ бизист дар қарни Шайтон, на Худо!”,
- Гуфта бошанд мардумони ду саро.
“Қарни Шайтон” мешавад зоҳир дар он,
Ки ҳамегуфт лафзи ъулё з-ину он.
Аз куҷо бечора донад савти хар
“Анкара-л-асвот” асту дарди сар?!
Бар сари он аст кулоҳи “қарнаин”,
Ки зи ақли хоми худ гашт мутмаъин.
Ақл агар ёре нагардад, бас хатар
Бонг занад бар аҳли дунё, ай писар.
Хурдтарин шаррора аз гӯгирдсара,
Мезанад оташ ба хирман яксара.
Мефазояд боди фитна офате,
Мар раҳо ёбад касе з-ин кулфате?
Тухми фитна коранд ин “Аҳли Вабар”,
Ки надоранд з-охири корҳо хабар.
“Аҳли Ағном”, - хуб гуфтаст Мустафо,
З-инчунин кор огаҳу ёбанд раҳо.
Соҳиби кам з-аҳли беш моликтаранд,
Гар ба теъдод аҳли беш зойидтаранд.
Лек ҳисоби беш надорад охире,
На ба кор ояд ҳисоб, на таъхире.
Ин “ҳисобан йосиран” бар аҳли кам,
Менависанд котибон бо як рақам.
Лек китоби сахт гарон бар аҳли беш,
Менависанд муқрибон бо неши хеш.
Бас муҳин аст зарбае бар пушти он,
Ки ҷудо кард худро аз муштиён.
...
Уқбат Ибни Амрвин Аби Масъуд (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам,
Муҳаммади мустафо (с.а.в.) ишора ба сӯи Яман намуда, фармуд “... ал-имону
Йаманин ҳоҳуна, ъало, инна-л-қасвата ва ғилаза-л-қулуби фи-лфаддодина ъинда усули азноби-л-ибили ҳайсу йатлуъу қарна-ш-шайтони
фӣ рабиъата ва музар”, яъне, “... имон Аҳли Яман аст, ҳамоно бидонед, бераҳмӣ ва сангдилӣ одату ахлоқи касоне аст, ки садои худашонро ба нишонаи ғуруру ифтихор баланд мекунанд ва бидонед ҷойе, ки ду шохи Шайтон дар он зоҳир мешавад ва ҳамоно он қабилаи Рабиъа ва Музар аст”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё