Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оё онҳо сазовори ин буданд?

Албатта, Худои меҳрбон номи неки эшонро пос медорад ва онҳоро аз расидани чунин ҷазо ҳифзу ҳимоя мекунад, иншооллоҳ, вале шахси савгандхӯрда, замми он ҳама гуноҳони худ, боз як гуноҳи вазнинро соҳиб мешавад ва вазъаш аз он ҳам бадтар хоҳад шуд. Оё ин савгандхурӣ киройии ин ҳол буд?

……….

  1. Оид ба шахси ситезаҷӯ ва лаҷуҷ.

Чун Абуҷаҳл қиссаи даврон машав,
Банди ҷаҳлу лӯхтаки морон машав.
Мисли ҳинду най чу дар дасти ту аст,
Бояд он ки даҳни он морон бубаст.
Гар ту ҳинду, пас, наят сабр аст, бибин,
Мор шавад мафтуни созат, ай мубин.
Гар бувад форам нафас, на ин ки мор,
Бал шаванд мафтун ҳама бар ин қимор.
Лек, агар ояд садояш гӯшхарош,
Ту ҳамоно турбу мардум, - турбтарош.
Нек бикун савдои охир, ай амин,
Хайр бувад охири кор бар дурбин.
Аз ситеза даст бикаш дар баҳси худ,
Чун бувад маҳсули он бад, ай ануд.
Он ки мушт мезад сареро, мушт зананд,
Он анудро бар сих ҳамчу гӯшт зананд.
Мекунанд оташро сурху сапед,
Мекушоянд хонро дар зери бед.
Чун кабоб гаштӣ, хуранд бо иштиҳо,
Шукр хонанд бар таъом дар интиҳо.
Дар паи ҷанг, ҷанг ҷустан чист зи ту?
Сулҳ ҷустан беҳтар аст аз ҷанги ту.
Он ки бо мардум ҷӯяд сулҳ, хуб аст,
Назди мардуму Худояш маҳбуб аст.
...

Оиша (р.а-мо) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) боре чунин фармуд: “... инна абғаза-р-риҷоли ила-ллоҳи ал-аладу-л-хасиму”, яъне, “... бадтарин ашхос дар назди Худованд, шахси ситезаҷӯ ва лаҷуҷ аст”.

Бале, шахси ситезаҷӯ (ҷангҷӯ) ва лаҷуҷ (якрав; дар ин ҷо, дар кори хусумат (ҷангҷӯӣ) на танҳо дар назди Худованди карим, балки дар чашми ҳама мардум бад менамояд ва охири чунинон, аслан, нек нест.

пешина
аз 175
навбатӣ