ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Ақл низ бар ӯ бидеҳ, гар қарз диҳад,
Ё ба даст орад ва ё бар бод диҳад.
Гар ба даст орад, кулоҳ бар осмон
Бод диҳад аз хушнудӣ дар он замон.
Гар пулаш бар бод равад, бар он Худо
Биспурад он вомгири бечораро.
Шукр кунад, ки ҷон монду пул рафт,
Сӯхт он қарздору кард ӯ бӯи тафт.
...
Оиша (р.а-ҳо), ҳамсари Паёмбари акрам (с.а.в.) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с.а.в.) дар вақти намоз аз баъзе корҳо ва ҳолатҳо аз Худои бузург паноҳӣ меҷуст, мин ҷумла аз қарз гирифтан. Ӯ мегуфт: “... Оллоҳумма, иннӣ аъузубика мина-л-маъсами ва-л-мағрам”, яъне, “... Худоё, паноҳӣ металабам аз ту аз гунаҳкор ва қарздор шудан”.
Ин вақт яке аз саҳобагони он Ҳазрат (с.а.в.) пурсид, ки чаро ва Паёмбар (с.а.в.) чунин мегӯяд: “... инна-р-раҷула изо ғарима ҳаддаса факазаба, ва ваъада фаахлафа”, яъне, “... мард вақте ки қарздор аст, сухан гӯяд дурӯғ мегӯяд ва вақте ки ваъда медиҳад, пас, хилоф мекунад.”, яъне, бар ваъдаи худ намеистад. Ва чунин ҳам ҳаст, дӯстам.
Шахс, ҳар гоҳ ки қарз мегирад ба ҳар росту дурӯғ он қарзро мегирад ва оқибат, чун аз сар ин кор дар асоси фиреб ноил шуд, пас, девори каҷаш меафтад ва вай он қарзро боз дода наметавонад. Ва ҳар гоҳ ки шахси қарздода қарзашро талаб мекунад, пас, аз ноилоҷӣ, боз дурӯғ мегӯяд ва ё ваъдаҳои нав медиҳад, ки онро низ иҷро карда наметавонад.
Шахси қарздода бошад, аввал ин ки донад, ки шарти қарз ва суннату одоби он ин аст, ки қарз асту эҳтимолияти боз гирифтани он хело кам аст ва аз ин лиҳоз, омода бошад, ки дар оқибат, дар чунин ҳолат онро бахшида тавонад. Ва агар ӯ маҳорати кардани чунин корро надошта бошад, пас, беҳтар он аст, ки надиҳад.
……….
- Оид ба масоили ёд кардани савганд бо номи падар.
Дар китоби савгандҳо як ҳадис
Иттифоқ уфтода аст бар мо, раъис.
Чашми раъс бар маънияш вотар гушо,
Маъниро аз ҳарф бичин, на аз ҳиҷо.
Гарчи ҷамъ “обо” бувад андар ҳуруф,
Саҳфаро пас хондаӣ, на ки суҳуф.
Гар “валад” фарзанд бувад аз ҷинси мард,
Пас, бувад “авлод” зи ду ҷинс, ай балад.
Маънии “обоакум” на-з фарди пеш, Балки он аз ҳар ду ҷинсанд байни хеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё