ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа
Гарчи сайёд ошиқ аст бар гӯшту хос,
Ишқи ӯ марговар аст, бин, дар қиёс.
“Шӯхӣ!” мегӯӣ? Куҷо дил дидаӣ?!
Куштани дил баҳри дил бишнидаӣ?!
З-он ки дилро мекушӣ, олам кушӣ,
В-ин ки ҷонро мекушӣ, - одамкушӣ!
Бо заҳар гар нӯки тир омехта кард,
Дил бимурду мефитад андом ба тард.
Ҷумла тан дар хуну хок оғушта шуд,
З-он сухан чун як диле, оҳ, кушта шуд.
Нест савоб дар инчунин кор, ай рафиқ,
Ҳамсифот бош бо сифоти он Шафиқ.
Гар халифа ӯ туро эълом кард,
Ҷумла кам аз хислаташ инъом кард.
Меҳру шафқат хислати Эзиди мост,
Чун ҳамин, пас, куштани дилҳо хатост!
Гашта оям бар сари гуфтори худ,
Бар сари ончи Паёмбар гуфта буд:
...
Анас (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) боре чунин гуфт: “... ман кона йуъмину би-л-лоҳи ва-л-йавма-л-охири фа-лйақулу хайран ав лийасмут”, яъне, “Он касе, ки ба Худованд ва ба Рӯзи қиёмат имон овардааст, пас, ӯ сухани нек мегӯяд ва ё хомӯш меистад.
Бале, дӯстам, ё сухани нек бигӯ ва ё хомӯш биист, ки ин ҳам далолат аз маҳорати сабр кардани туст ва рафтори писандида аз ҷониби Худованди азиз будааст.
Ва изофа бар он, ин далолат аз имони қавӣ бар Худованду бар Рӯзи қиёмат будааст, вагарна, чун ин риоя нашуд, пас, инсон ба Худованд боварӣ надорад ва он, ки имон надорад, ӯро азоби сахт интизор аст.
Ва дар ниҳоят, чун пештар гуфта будем, сухан бояд санҷида гуфта шавад, нек бошад, ҳадафи нек дошта бошад ва ҳеҷ гоҳ барои шикастани диле набояд ки гуфта шуда бошад, вагарна сухан чун тири заҳролудгашта метавонад касеро ранҷонад, беҳаловат кунад ва ҳатто бикушад, ҷангро байни қавмҳо бардорад, душманҳоро зиёда намояд ва ҳоказо.
……….
- Дар идомаи тавзеҳ додани масоили сухани неку бад ва ҷазои суханони ҳасадомез.
Чун яке мин ҷумла хислатҳои рад,
Бемуҳобо, пеши кулл бошад ҳасад.
Назди Эзид нест писанд ин кори бад, З-инчунин феъл шахс бояд даст кашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё