Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ло қола ли-шайъин санъатуҳу: лам санъата ҳозо ҳакозо? Ва ло ли-шайъин лам аснаъуҳу: лам лам таснаъа ҳозо ҳакозо?”, яъне, боре ҳам Паёмбар ба вай “уфф” нагуфтааст ва ё боре ҳам бар чизе, ки ӯ сохт ва ё бикард: “Чаро ту инро ингуна кардӣ?” ва ё “Чаро ту инро ингуна накардӣ?” нагуфтааст.

Бибин, дӯстам, чи қадар муносибати нек ва мурувватона нисбати санъати шахси дигар; чи қадар иззату эҳтиром ба маҳорату касби дигарон...

Мо баъзан бо чунин ашхос рӯ ба рӯ мегардем, ки худ наметавонанд чизеро кунанд, вале ба “дарс” додану “панд” доданашон шахси донандаву бомаҳоратро меранҷонанд. Чаро худашон аз баҳри кардани чизе намебароянду ба дигарон “роҳ” нишон медиҳанд? Ва ин аз нишонаҳои аҳмақисту беиззативу ноэҳтиромист ва ҷаҳолат аст ва аз чунин хислат мо бояд худро эмин нигаҳ дорем ва кореро ба анҷом нарасонем, ки боиси дилшикастани дигарон шавад.

Ва дар охир ҳамин аст, ки “уфф” - калимаи арабист ва ҳатто, ин вожа дар Қуръони карим мустафод асту тарҷимаву мазмуни он: - “безор аз туву аз кору (ҳоли) туст” будааст. Ин эътирози нохушист аз шахси дигару аз кору бораш.
Пас, эҳтиёт бошед ва ин калимаро ҳеҷ гоҳ истифода набаред.

……….

  1. Оид ба масоили нигаҳ доштани забон, ҳис намудани масъулият пеш аз гуфтану баъд аз он ва гуфтани сухани ҳақ дар ҳама ҳолат.

Гар сухан тир аст, камон аст ин даҳон,
Гар ҷаҳад, пас, гашта н-ояд бар камон.
Мекунад захмину пурхун ӯ диле,
Ё кунад яксон сареро бо гиле.
Ё кашад дарди ҷароҳат то абад,
Ё ки аз захм ҷо ба ҷо ҷон медиҳад.
Ҳарфи дилро мекунад қолаб забон,
Суфта гардонад ҳуруфро ду лабон.
Мефишорад ғуннавор ком ҳарфи дил,
Мешавад тартиб ҳувайдо з-ин васил.
Лек сухан аз ину он нест, ай фато,
Дарси мо з-осори лафзу аз ҷазо.
Рав, зи Ёсин “... нактубу осор” хон,
Кор бо нақд баргиру насяш бимон.
То шавад осон дар ин кор, гӯямат
Ончи гуфт дар пеши қавм Пайғомбарат:
...

Абуҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо
(с.а.в.) боре чунин гуфт: “... инна-л-ъабда ли-йатакаллама би-л-калимати
мин ризвону-л-лоҳи таъоло ло йалқӣ лаҳо болан йарфаъуҳу-л-лоҳа биҳо дараҷот ва инна-л-ъабда ли-йатакаллама би-л-калимати мин сахату-ллоҳи таъоло ло йалқӣ лаҳо болан йаҳвӣ биҳо Ҷаҳаннама”.

пешина
аз 175
навбатӣ