ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “…
лайса ал-ғино ъан касрати ал-ъарази ва локинна ал-ғино ғино ан-нафси”, яъне, дӯстам, “... бениёзӣ ба доштани молу манол нест, балки бениёзии табъу нафс аст”.
Аз ин ҳам осонтар карда гӯям, дӯстам, ғанӣ, яъне шахси бениёз на он касест, ки молу амволи зиёд дораду ба касеву чизеву коре ниёзе надорад, балки ғанӣ аслан он кас аст, ки нафсаш ва табиъаташ ғанӣ аст, чашмаш сер аст.
Чӣ шахсро зебо мегардонад, дӯстам? – Бале, амали некаш, яъне, кирдору пиндору гуфтори некаш, на ки молу амволу доройиву мақому манзалаташ, ки ин ҳама, чун дар Қуръони карим фармуда: “... матоъун фи ал-ҳаёти ад-дунё”, яъне, зинату абзори ин дунёанд, ки аз сари ҳама монда, аз сари мо низ хоҳанд бимонд.
Инсон бояд руҳашро такмил диҳад, орову торо диҳад, яъне, поку зебо гардонад ва он шахс, ки чунин корро бикард, ғании асил аст, ки танҳо ба Худованд ниёз дораду бас, на ба молу манол, ки ин ҳама фониву аз даст рафтанист ва чун дар Қуръон фармуда “... мо ағно ъанҳу молуҳу изо тараддо”, яъне, вақти даромондан онҳо ба вай кумак нахоҳанд кард, ки аз дасташон чизе наояд он рӯзи пурдаҳшат.
Худованд, албатта, беҳтару бештар медонад.
……….
- Оид ба масоили оштӣ андохтан байни мардум бо суханони маслиҳатомез.
“Қавли зур”-у “қавли маъруф” ду чиз аст,
В-он, ки фарқ дар ин мадид, пас, оҷиз аст.
Гар яке орад азову хашму кин
В-он дигар орад ба роҳи росту дин.
Ин яке сархуру вайронпарвар аст,
Дигаре ислоҳу бар ҷон сарвар аст.
Маслиҳат нест дар уруҷи қавли зур,
Балки зулм аст, ин бидон, ай аҳли нур.
Чун бувад идрори зӯрон маргу хун,
Пас, биҷӯ дурӣ зи кори қавми дун.
З-инчунинон барнаояд кори хайр,
Соҳибони оташанд ин аҳли дайр.
Оташе аз чашму афвоҳ барқ кунанд,
З-он фароғат з-аҳли дилро сарқ кунанд.
Аз забону дасти эшон бас зарар,
Мерасад бар аҳли омм аз дар ба дар.
Қисса кӯтаҳ, з-инчунин мардуми бад, Бас зарар бар ҳолу ҷонҳо мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё