ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Бале, чунин ҳам ҳаст.
Хуб, тасаввур кун, ки агар илм, чу рӯшанист ва ҳалли ҳар муаммо, аз байн равад, муҳитро зулумот, яъне, торикӣ фаро мегирад. Дар ин ҳолат, инсон намедонад чӣ корҳоро, барои чӣ ва чӣ гуна иҷро намояд; асабӣ мешавад, ба ҷангу ҷидол даст мезанад ва оқибат, худ аз нодонии худ зарару зиён мебарад. Ва акнун, тасаввур кун, ки илм тамоман аз байн рафту ҳама дар ҷаҳолат бимонданд, пас, чӣ мешавад?
Бале, одамон, чу дар урфият мегӯянд: “... гӯшти якдигарро мехӯранд” ва касе дар ин ҳолат эмин намемонад.
Ин ҳам қиёмат аст, ки яке аз маъниҳои маҷозии “қиёмат” дар фарҳанг чунин шарҳ дода шудааст: “... уқубат, азоби сахт, мусибат, шӯру ғавғо”, мисол дар мисраҳои Низомии Ганҷавӣ:
...
Баромад зи қалби ду лашкар хурӯш,
Расид осмонро қиёмат ба гӯш.
...
Ҳамин буд, дӯстам, кӯтоҳакак оид ба маънии он ҳадис ва маъонии он калимот.
Боқӣ, Худованд моро аз торикии ҷаҳолат ва беилми нигаҳ дорад!
……….
- Оид ба масоили шеъру маънӣ ва ҳикматҳои он.
Ту зи Соиб хону аз Бедил ғазал,
Маснавӣ аз пири Балх дар бахши ҳал.
Нармӣ ояд чун сабо аз шеъри роз,
Ҳофизу Саъдӣ буванд дар он фароз.
Бӯйи хубҷамъ ояд аз табреза ҷо,
Боварӣ н-ояд агар гӯяд куҷо.
Аз рубоъӣ фикри дунё кам шавад,
Соҳибони хаймаҳоро ғам шавад.
Тоирон дар аҳлият Симурғ шуданд,
В-он ҳама аз дасти Аттор бурҷ шуданд.
Бин, чӣ хуш аст он чи гуфт Маҷнун ба Шаб,
Чунки, Лайлӣ шабдарост дар кори ҳаб.
Ин бас аст, гар ақли ту тозӣ бувад,
В-он Худо аз фаҳмишат розӣ бувад.
Дар мисоли ин яке дар кори ишқ,
Мо ҳамегаштем чу ҷӯё то Димишқ.
Бандаи ошиқ бувад мафтуни шаб, З-ин сабаб “девона” аст аз кори Раб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё