ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Раб, чу гӯяд даргаҳам дар шаб кушод,
З-ин сабаб, Ӯ “шаббарост”, чун шаб дарод.
Ошиқии марду зан нест ин ҳадис,
Ишқи банда бо Худо аст, ай раъис.
Мо “раъис” гуфтем, на ин ки “бо мақом”,
“Калладор” гуфтан бихостем, ва-с-салом!
Ақлро дар назми асрор бо хаёл
Бояд он ки кор барӣ дар ҳар мисол.
Чунки бошад бас зиёд ҳикмат дар он,
Басти “ҳикмат”-ро ту дар Қуръон бихон,
Ояти дусад ва шасту нӯҳ зи ин
Сураи “Гов” мекунад сирро мубин.
Пас, “раъис” ҳамчу “улул-ал-боб” дон,
Ақлро дар ину он беҳтар рон.
Дар ҳамин ҷо, дӯсти ман, кардам сухан
Кӯтаҳу то ки малол н-ояд зи ман.
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна мин аш-шеъри ҳикматан”, яъне, дӯстам, “... ҳамоно баъзе аз ашъор суханони муфиду боҳикмате ҳастанд”.
Пас, “шеър”-у “муфиду боҳикмат” гуфта, Паёмбари акрам (с.а.в.) чиро дар назар дорад?
Бил-аввал, дар васфи шеър ва анвоъи мундариҷавии вай, ин ҷо аз “Фарҳанги забони тоҷикӣ” оварданием:
“... сухани манзум, сухани фасеҳ ва бадеъ, ки дорои вазн ва қофия мебошад:
...
Зи дурри назм бошад гуфтугӯям,
Зи баҳри шеър бошад обирӯям.
(Ҳилолӣ)
... шеъри гуҳарбор, назми баландмазмун:
...
Чанд пинҳон кунам асрори муҳаббат, Савдо,
Матлаъи шеъри гуҳарбори маро дидӣ - На.
(Савдо)
... шеъри рангин, киноя аз шеъри пурмазмун, бо ифода ва образҳои рангоранг:
...
Даме бо шоирон бо шеъри рангин Сухан мегуфту мегардид гулчин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё