ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

(Ҳозиқ)
... шеъри равон, шеъри салис, шеъри мавзун, хушоҳанг:
...
Ба шеъри равон оби Ҷайҳун бибар. (Хоҷу)
... шеъри тар шеъри салис, бо мазмунҳои тоза ва бикр:
...
Гӯяд Камол фар-фар сад шеъри тар ба як шаб,
Лекин ба васфи рӯят ҳар як ғазал ба моҳе.
(Хоҷа Камол)
... шеъри шакарин, киноя аз шеъри пурмазмун:
...
Гар ба кошонаи риндон қадаме хоҳӣ зад,
Нуқли шеъри шакарину майи беғаш дорам.
(Ҳофиз)”
Ин ҷо, дӯстам, бояд қайд намоям, ки аз рӯи шакл, ки дар он тамоми қавонин ва қавоиди шеър мусаххар аст, аз ҳама мушкилтарин, аз ҳама волотарин мақом, мақоми “ғазал” аст, ки ба худ хос вазну қофияву радиф ва ҳоказоро риоя мекунад ва аз рӯи мазмуну мундариҷа, муҳтавои олиро мансуб аст. Вале, ба ҳар ҳол, ин қоидаҳо дар қасидаву рубоъиёту маснавиву мухаммасу ҳоказо низ бояд риоя карда шаванд.
Ғазале, ки пуч аз мазмун аст ва бемақсаду бемуҳтавову бемавзуъу дигар аст, ин ҳатто шеър нест. Шеър бояд ҳикматҳо дошта бошад, хушоҳангу гӯшрасу форам бошад, мухотаб дошта бошад, тарзи васоиф дар он суруда шуда бошад, манзуму айни муддаъо бошад ва ҳоказо, вагарна, чун боло гуфтем, он пуч асту бемантиқ.
Бибин, мисол, чи хуш гуфтааст Соиби Табрезӣ:
...
На дини мо ба ҷову на дунёи мо тамом,
Аз ҳақ гузаштаем ва ба ботил намерасем.
Ва ё, Мавлоно Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ чӣ мегӯяд:
...
Чунки асрорат ниҳон дар дил шавад,
Он муродат зудтар ҳосил шавад.
Ва ё Шайх Саъдӣ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё