Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

...
Хуфтагонро хабар аз меҳнати бедорон нест,
То ғамат пеш наёяд, ғами мардум нахурӣ.

Кӯтоҳтар кунам, ин аст, дӯстам, ки аввалан шеър ҳамчу сухан, чун Паёмбари акрам (с.а.в.) таъкид намуд, бояд “муфиду боҳикмат бошад” ва ғояҳои баландро соҳиб бошад, ки боиси огаҳу ҳушёр намудани инсон, бим додан аз ногаҳониҳо ва оқибати бад, тавсияе бошад барои беҳтар шудани кирдору пиндору гуфтор.

……….

  1. Оид ба масоили ҳирс ва оқибати нанговари вай.

Дар яке аз мулки ин бас хубҷаҳон,
Буд “амир”, лек бас фақир, валлоҳ, ба ҷон.
Чун амири ҷони вай нафс гашта буд,
Пас, амири аслӣ дар мулкаш “кӣ” буд?!
Бин, агар “чӣ” ҳукм кунад бар он ки “кӣ”
Нафс шавад “кӣ”-ву вале, ӯ, бин, чу “чӣ”.
Нафс агар гардад амири ҳар нафас,
Вай шавад озоду ҷонаш дар қафас.
З-ин сабаб нафсро чу аммора ҳисоб,
Гар кунад, бар ҷони ӯ ҳар дам хитоб.
Хуб, чу монд мулкаш чу меърос з-аббу ҷад,
Гашта буд мағрур аз он амволи ҳад.
Чашми ӯро пардайе аз ҳоли раъй,
Баргирифт аз кори ақл то кори саъй.
Хоҳиши хидмат ба мардум кост гашт,
Рӯй бартофту ба нафсаш рост гашт.
Саъю кӯшиш дар дилаш чун мурда буд,
Пас, ҳушашро нафс гирифту бурда буд.
Чун фасод дар давлаташ поянда гашт,
Нафс амиру назди вай ӯ банда гашт.
Чун ба даст омад он давлат ба муфт,
Кам мекард, хӯрда онро, на ки ҷуфт.
Он якаш ҳеҷ гоҳ намешуд, бин, ду,
Чунки ҳаст бо ақли худ баднафс аду.
В-он ки бо ақл душманӣ кард, аҳмақ аст,
Кори ӯ пастрав бувад, на равнақ аст.
Хуб, чу фисқу он фасод оянд ба пеш,
Мар дарахтро мекунанд пӯкон зи реш.
Риши ӯ сар асту навда ҳамчу даст,
Фикри ӯ хок асту хӯрад ӯ зи паст.
Метосад, - гуфтаанд, моҳӣ зи сар, На ки аз дум, на шикам, н-аз барру пар.

пешина
аз 131
навбатӣ