Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бин, чу тан гашт хонақоҳи нафси ғар,
Ҳар зинокор сар халад дар коми дар.
Карда расво дому андомро тез,
Мекунад з-он хонақоҳи ғар гурез.
Хуб, чу буд он “марди хуб” аз ин қатор,
Коре мекард беҳуда он нобакор.
Маблағе, к-аз кори ғарӣ, бин, ба даст
Номада, аз даст равад чун даст ба даст.
Мисли ин аст: чашм диду ишкам надид,
Ё ки буду гум шуду гашт нопадид.
Қиссаро кӯтаҳ кунам, дӯст, чунки, ин
Охираш вой асту номаш аз лаъин.
Ончи мехостам бигӯям, ин бувад:
Мо амири нафси худ, на он бувад!
Чун амири нафси худ бошӣ, бизан
Нафси худро дар ҳуруби тан-ба-тан.
Ту матарс, чун дар набард танҳо наӣ,
Он Худо бо туву дар ҳарб бо Ваӣ.
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
иннакум сатаҳрисуна ъала-л-иморати ва сатакуну надоматан йавма-лқиёмати”, яъне, дӯстам, “... шумо барои расидан ба фармонравоӣ ва ҳукмронӣ талош мекунед, вале Рӯзи қиёмат боиси надомат ва пушаймонии шумо хоҳад шуд”.

Бале, чунин ҳам ҳаст, дӯстам, чун ҳирсу чашмони гуруснаи он, ки аслан чашмони сари нафсанд, на ки чашмони оқили дил, инсонро водор месозад, то ки вай бештар аз ину он нафаъот баҳраманд гардаду дар иморот, яъне, дар ҳукмронӣ, ки аслан натиҷаву маҳсули хости нафс аст, пешбар бошад.

Нафс, чун хоҳишоти худро раво дид ва бо дастони ҳорис ба орзуи худ муваффақ гашт, мисли кирми сар аст, ки табиъатан дар косахонаи сар ҷо мегираду бо газиданҳои худ, дасту пои ҳайвонотро ба ҷунбиши бемақсадона меорад ва ё ӯро беҳушу оқибат, ҳалок мекунад.

Нафс, чун дар дилу дида ҷо шавад, аммора мегардад, яъне, амири инсон мегардад ва ҳар чиро ки ӯ хост, ҳамоно инсон хоҳу нохоҳ, ҳушу беҳушона, онро тобеъ мешавад.

Яъне, дар ин ҳолат, ин мисли як ҳайвони оддист, ки танҳо ба нафси худ дода шудаву аз дом бехабар, ба сӯи донарезаҳо медавад.

Мо бояд инро низ дар зеҳн дошта бошем, дӯстам, ки на нафс, балки мо амирони
нафсҳои худ бояд бошем. Мо бояд нафси хешро хуб идора карда бошем, то ки фардо, чун Паёмбари акрам (с.а.в.) фармуд, дар Рӯзи қиёмат шармандаву пушаймон аз кори кардаамон магардем.

пешина
аз 131
навбатӣ