Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вале, дар он қиссаи қуръонӣ, чун онҳоро суол мекунаду фариштагон посухи онро надонистанд, пас, Одам (а.с.) фармон медиҳад, то ки чизҳои дида истодаашро як ба як номбар кунад ва Одам (а.с.) онҳор номбар мекунад ва бо илми худ фариштагонро қоил.

З-ин сабаб, дуввум он будааст, ки инсонро низ Худованд илм омӯзонида будааст ва илми ато намудааш аз илми ҷумла фариштагон зиёд.

Пас, ин каромати беҳадди Худованд ва ғамхории вай нисбати инсон аст, ки чунин боигариро танҳо ба ӯ арзонӣ намудааст, ки тавассути ин неъмати бебаҳо, бидуни суиистеъмол намудан аз ин меҳрабонӣ, танҳо дар вақти зарурӣ ва барои рушди ҳам ҷисмониву ҳам маънавияш, бояд он ки истифода барад, аз худ маравад, савлат макунад ва аз ин илми атошудааш ба дигарон низ нафақа кунад.

Илму яке аз натиҷаҳои ниҳойии вай, - адаб, ягона омилҳое ҳастанд, ки инсонро на танҳо дар қиёс байни якдигар баланду паст мақом мебахшанд, балки, ягона фарқест байни, мисол, одами комилу хари кӯча (ҳол он ки, ин низ ташбеҳ аст, чунки, хари табиъӣ низ ба худ лоиқ илм дорад ва дар ихтилофи баъзе аз “харони ғайри табиъӣ” ҷо ва мақому вазифаҳои худро медонад ва баинсофона иҷро мекунад).

Набудани илм – набудани олам аст, маҳви он аст, чун мисол дар яке аз аҳодиси набавӣ омада: “Мавту-л-ъолимӣ мавту-л-оламӣ”, яъне, фавти каси боилм баробари мурдани як ҷаҳон аст. Ва аз ин ҷост, ки агар шахсро илм набошад, пас, вай низ ким-кайҳо мурдааст (сарфи назар аз он ки дилаш то ҳол метапад).

Акнун, “қиёмат” чӣ маъниҳо дорад?

Чун дар фарҳангҳо омада: “рост шудан, бархостан, бар по истодан ва ё Рӯзе,
ки мурдагон аз нав зинда мегарданд ва аз кору кирдорашон ҳисоб
медиҳанд; растохез, рӯзи ҷазо, рӯзи ҳисоб, рӯзи дин, рӯзи маҳшар ва ҳоказо”

Ин калимаи арабӣ (“қиёмат”), ки дар китоби Қуръон ва ё шарҳу тамсилоти китобҳои шариъатӣ ва ё адабӣ омада, решаашро аз феъли “қома”, яъне, “рост истодан, ба по хестан” гирифта аст.

Яъне, ин он рӯзест, ки аз даҳшаташ, ҳама бар по рост меистанд, интизори барпо шудани ҳукмҳо мегарданд ва ба мисли он аст, ки аз тарсу ваҳм ва номуаянӣ, касе ҷои нишасти худро намеёбад ва аз кунҷ ба кунҷи дигар мегурезад ва ҳоказост.

Вақти қоим (барпо) гаштани Рӯзи қиёмат барои инсон номуайян аст, ки Худованд худ фармудааст: “... иннама-л-ъилму ъинда-л-лоҳи”, яъне, вақти онро танҳо Худованд медонад, вале ба ҳар ҳол, нишонаҳои он, дар китобҳои шариъатӣ хуб тавзеҳ шудаанд ва яке аз ин аломатҳо – кам шудани илм будааст.

пешина
аз 131
навбатӣ