Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пас, қиёматро ҷаҳолат во кунад,
Ҳолу аҳволи касон расво кунад.
Ин бибин, дар ҳаққи он маҳбуби мо,
Чӣ бигуфт бар умматонаш з-он Худо:
...

Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна ашроти ас-соъати ан йақилла ал-ъилму”, яъне, дӯстам, “... аз нишонаҳои қиёмат, кам шудани илм аст”.

Пас, “илм”-у “қиёмат” чистанду “кам шудани илм” чӣ маъниҳо ва тобишҳои дигар доранд?

...
Илм чандон ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
(Саъдӣ)
...
Бин, дӯстам, ки дар бобати илм, чунин ахтарон ва мутафаккирон, оқилтарину баъилмтарин урафо, ба мисли Саъдиву Ҳофизу Камолу Балхиву дигарон чиҳо гуфтаанд?!

Албатта, сухан на танҳо оид ба аслияти маъонии “илм”, чу дар фарҳангҳо омада:
“маҷмуъи маълумот оид ба ягон соҳа, фан, дониш, маърифат”, балки, аслан, чу дар ҳадиси боло зикр шудааст, нисбати “илми яқин (инчунин “илмул-яқин”), яъне, “донистани моҳияти коре ё чизе бе шаку гумон” рафта истодааст, чу мисол дар мисраҳои ғазали Ҳофиз суруда.

...
На Ҳофизро ҳузури дарси хилват,
На донишмандро илму-л-яқине.
...

Илм азалисту бақосту муҳаррики рушду аз асбоби зиндагиву садҳо бахшҳо дораду нафъи ғайри теъдод низ.

Бибин, дӯстам, ки фариштагон ба Худованди карим чиҳо оид ба масоили сиришти Одам (а.с.) ва лол монданашон дар посух, гуфтанд?

Бале: “... субҳонака! Ло ъилма лано илло мо ъалламтано!”, яъне, “... ай зоти
ту ҳамеша пок (аз бемантиқиву беҳудагиву беилмиву беасосиву
бедалоиливу...)! Моро нест илме, ки ҷуз моро омӯзонидаӣ!”

Яъне, аввал ин ки, ҳатто фариштагонро Худованди одил илм дода будааст ва маҳорати даракоти онҳо аз илм вобаста аст, вагарчи маҳдуд бошад ҳам, ҳамоно онҳо онро медонанд, ки Худованди раззоқ насибашон гардонида буд.

пешина
аз 131
навбатӣ