ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Акнун, дӯстам, калимаи “шифо”-ро бо “сабурӣ, тоқат ва қаноъат ва таҳаммул” ҳамвазн донем, пас, тасвире андар миён ояд, ки ҳамвазни чунин ақида дуруст аст: “... сабру тоқат намудани санҷишу имтиҳоноти сахт аз ҷониби бандагон, онҳоро ягона илоҷи раҳоӣ ва ёфтани шифо хоҳад буд”.
Ин, албатта, қиёсу тобишҳои маъонист, ки бо забони ғайб ороставу бо ақли мукаммал фаҳмиданист ва албатта, Худованд беҳтару бештар медонад.
- Оид ба нишонаҳои қоим будани қиёмат, ки яке аз онҳо кам шудани илм аст ва ё тобишҳои дигар аз калимоти “илм” ва “қиёмат” ва “кам шуданӣ”.
“... куллу шайъ” – гӯяд Худо, бо илм фаро,
Ин шунав, з-аввал гирад ин ҷумларо.
Фасли вусто, оқибат то он адам,
Мешавад қоим зи илмаш дам ба дам.
Аввали кор з-илм бувад, охир, бин,
Бо ҳамон такмил биёбад рукни дин.
Чун Худо олим бувад, илм низ азал
Будааст бо Олиме дар ҳар масал.
Чун бақост Эзиду илмаш низ бақо
Будааст бо Боқӣ андар кори мо.
Дар сиришти одамӣ Холиқ зи илм,
Мустафод кард нисбаташ бо дасти ҳилм.
Тарҳи андом карду баъдан, ҷон дамид,
З-он дамиш, бин, хун андар дил давид.
Гармии хун баркушод з-аҷзо гиреҳ,
Зери пӯсту устухон, пас, гашт зиреҳ.
З-ин сабаб, гар хор халад дар зери по,
Хун кунад пок риму ҷанг бо ин вабо.
Музие гар ин баданро забт кунад,
Хун занад ӯрову аз вай тафт кунад.
Табъ нишони қуввати ин сеҳр бувад,
В-он чӣ бошад? – Аз нишони меҳр бувад!
Хуб, чу гуфтем порае аз бахши хун,
Он зи илми Ӯ бувад, н-аз аҳли дун.
Илм – муҳаррик аст в-аз асбоби рушд,
Илм – кунад зинда чу Одамро зи мушт.
Зиндааст инсон агар илм зиндааст,
Гар бимирад илм, бибин, низ мурдааст.
Гар кунад инсон илмро тоҷи сар,
Мардумон гӯянд, ки одам аст, на хар.
Аз нишони Рӯзи савдо – илмкамист,
На ки хайр аст, балки он низ аз бадист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё