ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

- Табъ - андар дараҷаи севвум гарми хушк аст (яъне, равғанаш); 2) Хосиятҳо - тез, буррандаи балғам аст ва зудоянда буда, бодҳо ва дамишро ҳал ва танро бағоят пок кунад; 3) Оростагӣ - озахҳои сарнагун, холҳо, баҳак ва хусусан барасро бирезонад; 4) Омосҳо ва табишҳо - сиёҳдонаро бо сирко бар табишҳои ширӣ ниҳанд. Он омосҳои балғамӣ ва сахтро ҳал кунад; 5) Решҳо - онро бо сирко бар решҳои балғамӣ ва гари решшуда биниҳанд; 6) Андомҳои сар - сиёҳдонаро хусусан агар бирён карда, андар пораи катон бигиранд, аз зуком суд бахшад. Онро бар пешонии касе, ки сардарди сард дошта бошад, тило кунад.
Агар онро шаб андар сирко тар кунанд ва пагоҳи совида, андар бинӣ кунанд ва ё ба бемор бидиҳанд, то ба бинӣ бикашад, аз дардҳои деринаи сар ва аз лақва суд бахшад. Сиёҳдона яке аз доруҳоест, ки суддаҳои устухони полояндаро сахт бикушоянд. Бо сирко ва хусусан бо чӯби санавбар ҷӯшонидаи онро агар мазмаза кунанд, аз дарди дандонҳо судманд бошад; 7) Андомҳои чашм - агар совидаи онро бо равғани бехи савсани осмонгун ҳангоми ибтидои фуруд омадани об андар бинӣ кунанд, онро суд бахшад; 8) Андомҳои нафаскашӣ - агар онро бо натрун биошоманд, аз росто нафас гирифтан суд кунад. Андомҳои ронанда:
Сиёҳдонаро ҳатто агар бар ноф тило кунанд, кирмҳо ва кирми кадудонаро бикушад ва агар як чанд рӯз истеъмол кунанд, хуни ҳайзро битозонад. Онро бо ангубин ва оби гарм аз барои санги обгаҳ ва гурда бидиҳанд; 9) Табҳо - табҳои балғамӣ ва хусусан савдовиро ҳал карда, онҳоро нест кунад; 10) Заҳрҳо - аз дуди он ҷунбандагони зиёнкор бигурезанд. Гурӯҳе ба таъкид гуфтаанд, ки бисёр истеъмол кардани он марговар аст. Агар аз он ба қадри як драхмӣ биошоманд, аз газидагии ғунда судманд бошад.
Мизоҷи равғани сиёҳдона бошад, чун дар боло зикр шуд, дар дараҷаи севвуми гарм ва хушк аст. Хӯрдани ин ва молиданаш барои иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, ҷингак шудани узвҳо, дарди буғумҳо аз сардӣ, сустии олатҳои таносул, дафъ кардани гиреҳи асабҳо, мондагӣ, дарди камар, барои қувват бахшидани боҳ ва ба ҳаракат овардани аъзои таносул, ҳатто барои касоне, ки аз мардӣ маҳрум гашта бошанд, даво мебошад. Агар маҳз бо равғани зайтун ин равғанро тайёр карда бошанд, барои барқарор кардани қуввати одамони аз мардӣ маҳрум ва ноумед давои бемисл аст, ҳам хӯрданаш ва ҳам молиданаш.
Аз рафти чунин тавзеҳот оид ба шифобахшии ин гиёҳ маълум мегардад, дӯстам, ки ин дар асл гиёҳи муолиҷависту шифобахш миёни ҳар он рустаниҳое, ки шифо бахшанд ва давои “сад дард” будааст, ки мо низ дар ин ақида иттифоқ ҳастем.
Истифодаи бомеъёри он, мисол то 7 грам равғани он дар як шабонарӯз шифобахш аст, вале чун дар урфият низ мегӯянд: “... шакари камаш хуб аст”, пас, зиёдаравӣ дар он метавонад боиси ангехта шудани дигар дардҳо гардад.
Дар мавриди тобишҳои тамсилотии сиёҳдона ҳаминро изофа карданӣ будем, ки агар “сиёҳдона”-ро шабеҳи “санҷиши сахт, имтиҳонот ва сиёҳиро дар талхӣ”, пас, беҳуда намегӯянд, ки то чӣ андоза гиёҳ талхтар бошад, то ҳамон андоза вай шифобахштар аст (қиёс, мисол, бо бодоми талх ва ё хори биёбон ва ё шувоқ, ки бениҳоят талханд, вале дар илоҷи шифо дар пеш).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё