ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ки бувад санҷиши Ҳақ сармояе.
Имтиҳон такмил диҳад инсонро,
Гар кунад сабру қаноат онро.
Имтиҳонҳо сахт буванд, осон нест,
Ҳикмате дар ону он беҷон нест.
Ҳар қадар талхтар бувад, ширин ваяст,
Собиронро маҳз илоҷу дин ваяст.
Гар бувад ширин, ба мисли он магас,
Часпида вай ҷон канад дар он ҳавас.
Пас, мабош мисли магас, з-он имтиҳон
Бас маҷӯ роҳи фирор, ай аҳли ҷон.
Бодаро бо заҳри талх омехта нӯш,
То биёяд сабр даруни хун ба ҷӯш.
Ҳар гиёҳ, чун сар занад аз ин замин,
“Ваҳдаҳу лаҳ... Ло шарик!” гӯяд, ҳийн.
З-ин сабаб, ҳар ҷо ниҳӣ ду пои худ,
Каҷ намону сар мазан ту, ай ануд.
Ҷон додаст ҷонваронро он Худо,
Ҳамчу ту рӯёнидаст дар зери по.
Ҷамъу ҷомеъ иҷтимоъ доранд байн,
Ҳарф зананд, коре кунанд чун аҳли зайн.
Нест тасодуф дар фиъоли Ҳақ, бубин,
Гар мабошад моҳ, маҷунбад ин замин.
Ҳамчунин аст нақшаи Офардгор,
Меояд ҷумла махлуқ баҳри кор.
Дар тариқи шуданӣ ҳама яканд,
Хоҳ бошӣ одаму хоҳ мори ганд.
Қиссаам дорад давом, лек, ин бор,
Кӯтаҳӣ беҳтар бувад дар нақши кор.
Чун бувад худ ин ҳадис ошкору пок,
Осумонро пок намудан чист бок?!
...
Дар ривоят омадааст, ки Расули акрам, Муҳаммад (с.а.в.) чунин фармудааст: “...
инна ҳозиҳи-л-ҳаббата ас-савдоъа шифоъун мин кулли доъин”, яъне, дӯстам,
“... сиёҳдона, илоҷи ҳар беморӣ аст”.
Пас, “сиёҳдона” чисту дӯстам ва оё ин меваи шифобахшанда аст?
Чун дар китобҳо омада: ин тухми растании бӯстонист ба монанди тухми арпабодиён, вале аз он дарозтару бориктар, рангаш сиёҳ ва бӯяш тунд мебошад.
Гулаш зарди моил ба сафедӣ ва инчунин бунафш низ мешавад. Баргаш дарозаки нӯгдор, тухмаш дар ғилофи калонтар аз ғилофи тухми банг (кирмрезонак) аст ва қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонадааст.
Дар китоби Абуалӣ ибни Сино “Қонуни Тиб” (Китоби дувум, дар вироиши
Шаҳобуддинов С.) оид ба хосияти ин рустанӣ (ё гиёҳ) чунин набишта шудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё