Зеҳн
ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 131 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. Оид ба истеъмоли сиёҳдона ва қиёс бо тобишҳои маънавии он.

“... ҳабби савдоъ аш-шифо мин кулли доъ”
Бин, чӣ гуфт дар бобати ин Мустафо:
Чун сиёҳдона шавад вориди тан,
Ғам барорад, чун илоҷ аз ин газанд.
Ҳамчу қаттол кор кушояд ӯ зи таг,
Дам ниҳад бо оташи худ ӯ ба раг.
Ҷӯшад аз он хун, кунад шӯриш табъ,
Гар сапед бошад шавад сурх ҳар ду лаб.
Медаманд табхолаҳо дар ду рухон,
Мешавад ишкола ҳал аз зарби он.
Хушк агар бошад нафас тар мешавад,
Рим мулоим гашта бар дар мешавад.
Дар шикам гар дам бувад орад бурун,
Мебарорад намиро аз ҳар буғум.
Балғамеро мекунад бо шир ҷудо,
Малҳаме бошад, бибин, бар дасту по.
Баркашад аз шуш ва аҷзо намиро,
Гарм кунад узвону бахшад нармиро.
Нафъи дона бас зиёд аст, ай рафиқ,
Беҳтару бештар бидонад он Шафиқ.
Ҳақ бигуфт ин Мустафо дар бахши он,
Бас шифоу бас илоҷ аст з-ину он.
Ӯ даво бошад ба сад дарди Худо,
Бин, илоҷро низ бидод дар дасти мо.
Хуб, кунун, дар тобиши маъно ҳавас
Мекунем ҳамчу асалро з-ин магас.
Чунки, ақл дорад маҳорат аз сувар,
Мисли ишқро нодида бо чашми тар.
Неъмат аст ин ақл, чун инсонро ато
Маҳз бикард дар назди махлуқон Худо.
Фаҳм кардӣ? Гар макардӣ, рав, бихон,
З-ояти қуръонӣ дар бахши гавон.
Чун Худо буд мутмаъин фарқ аст он,
Байни Одам в-он дигар олуфтагон.
Гуфт Худо: “... амбиъҳум!”, пас, як ба як,
Ном гирифт ақсомро дар он фалак.
Сар фуруд карданд, чу қоил з-ин сиришт,
Мар яке аз байни эшон, карда зишт.
Хуб, зи ин қисса, агар хоҳад Худо,
Карда бошем бас ҳикоят з-ин ҷудо.
Он чи талх аст бас давост бар ҳар мариз,
Он чи ширин аст дар он ҷост, бин, ғариз.
Чун магас ширинхур аст, андар асал
Ояду часпад, бимирад аз аҷал.
З-ин мисол гардад мубин ҳар ғояе,

пешина
аз 131
навбатӣ