ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Дар фарҳангҳо, “салот” ҳамчу “намоз” ва “дуо” омадааст.
Изофа бар он, баргирифта аз маъонии фароҳами абёти назмии урафо, мисол Анварӣ, бармеояд, ки салот низ маънии тоъат ва ъибодат ва зикр, дин ва ҳоказоро низ соҳиб аст:
...
Дар зиммати мулуки ҷаҳон дини тоъатат,
Воҷибтар аз адои сиёму салот бод!
...
Дигар он аст, ки асли ин калима аз феъли дуҳарфаи “соду лом-алиф” омада, мазмуни “даъват” (ҳамоно ҳамрешаи “дуо”), “ҷеғ задан” ва “марҳабо хондан”- ро ба ҷои амн низ соҳиб аст, чун мисол дар ғазали Хоҷа Камол омада:
...
Бе салои саҳарӣ мурғи чаман бедор аст,
Ҳоҷати бонг задан нест дили огаҳро.
...
Ва дигар ин аст, дӯстам, ки дар Қуръони азиму-ш-шаън ва китобҳои шариъатӣ, “салот” гуфта, “намоз”-ро дар назар доранд, мисол дар Қуръон: “... ва ақиму ас-салота” ва онро аз яке аз воситаҳои васлу наздик шудан бо Худованд (мисол, дар Ояте омада: “... ва-сҷуда ва-қтариб”, яъне, саҷда бикуну (ба Худо) наздик бишав), асбоби дур шудан аз кори фаҳшу фасод ва ҳоказо дониста мешавад.
Ин як навъи шуғл асту чун Бедил суруда: “... мушти ғубори моро шуғли дигар набошад”, яъне, инсонро Худованд барои зикри худ, ёд намудан аз худ офаридаасту инсон бояд инро аз хотири худ ҳеҷ гоҳ набарорад, чунки салот низ мазмунин “шукру ситоиш”-ро дорост.
Ва чун болотар зикр кардем ва дар исботи он аз чакидаҳои Ҷомӣ: салот ишқ аст, то инсон “... аз шуғли ҷаҳон фирор” карда бошад, яъне, ҳамеша дар ёди Худованд бошаду дунёро фаромӯш кунад.
Дар китобҳои дигар, салоту машғулият ҳамчу “меҳнат” омадааст ва ин ҳам дуруст аст, чунки барои хондани намоз, аз ният сар карда, то таҳорату вузуъу иҷро намудани қоидаи муаяну дигар аркон, инсон меҳнат мекунад, вақт сарф мекунад ва ҳоказо.
Ин ҳама, дӯстам, аз маъонии салоту шуғл буд, ва дигар он аз маснавии мо, танҳо замима барои таҳкими ин маъонӣ асту бас. Албатта, Худованд боз беҳтару бештар медонад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё