ОРИФНОМА - Мақсуд ОРИФ

Ҷуз вай моро дигар ҳофизу ҳимоятгаре нест!
Албатта, ин ҷо, дӯстам, чизеро бояд қайд намоем, ки он чӣ навишта, ҳатман хоҳад қоим гашт, вале аз осори харобовари он инсон ҳамоно ҳуқуқи аз Худованд паноҳ талабиданро, то ки таъсироти он бадиҳо камтару ҳалокатовар мабошад, дорад.
З-ин чунин сабаб, мисол, Оёти сураҳои “Фалақ” ва ё “Нос” бо талабидан ва ё чун мегӯянд бо “паноҳ бурдан” аз Худованд ифтитоҳ ёфтаанд, мисол: “... аъузу бирабби-л-фалақи... мин шарри мо халақа”, яъне, “Худоё! Аз бадии он чизе (ва ё касе), ки офаридаӣ, аз ту паноҳ меҷӯям” ва ҳоказо.
Ин ҳама бадиҳо аз чизе ва ё касе офотанд, ки метавонанд бевосита аҳволи касонро харобтар гардонанд.
Пас, дӯстам, аз ин балоҳо (калимаест арабӣ, ки ҳамчу “гирифтор намудан ба санҷишҳои сахт” тарҷима шудааст) мебояд, ки ба Худованд таъовуз, яъне, паноҳ бибарем, то ки ҷонро ба амонӣ расонем, то ки шайтони малъун бо ҳазор макру фиреб моро ба дом маяфтонаду бо мафтун намудан бо ин ҳама лаҳазоту лаззоти дунёи дун, ҷонро мафурӯшонад, ки чунин тиҷорат ҷуз рабҳате, яъне, бесуд нест.
Худо, албатта, беҳтар ва бештар медонад!
……….
- Оид ба масоили пайваста тиловат намудани Қуръони карим ва фазоилу баракоте, ки дар он маҳфузу аз он маҳсул аст.
Чун ҳаво гашт тираву каҳфаш сиёҳ,
Гашт фуруд Ҷибрил ба наздаш аз само.
Тах бикард болону бо дастон фишор
Оғӯшаш бигрифт ҳабибро зери дор.
Гуфт: Бихон! Гуфто: На илм дорам, чӣ тур
Ман тавонам хонда бошам, ай манур?
Бори дигар гуфт “Бихон!”-у сахт фишурд,
Ҳамчунон сахте фишурд, ки кас бимурд.
Бори дувум гуфт: Натонам! Ай чаро
Ҷон бипурсӣ марди ин дам мурдаро?
Чун агар моро набошад илму фан,
Мурдамислем, ҷондода, бин, зи тан.
Шамъи моро оташи илм зеб бувад,
Гар мабошад оташе, безеб бувад.
Рӯшанӣ маҳз з-оташаш атроф, бибин,
Мекунад дар торикӣ рӯшан, чу дин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё